Терроризм ва экстремизм ва муқовимат зидди ин падидаи номатлуб

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, ҳол он, ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Чунки  танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бўҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Мақомотҳои  ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст. Бо ин мақсадҳо  мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо падидаҳои экстремистӣ маҷмўъи чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида истодааст.

Дар самти муқовимат ва пурзўр намудани мубориза бар зидии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул гардидааст.

Экстремизм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва тасарруфи ваколатҳои он, барангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Тарафдорони ғояҳои ифротгароӣ гуногунандеширо дар ҷомеа инкор карда, ақидаву назарҳои сиёсӣ, идеологӣ ва динии хешро пайгирӣ менамоянд. Таълимоти ифротгароӣ на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот (хусусан тақлид ба ғояҳои тундгароӣ) такя намуда, роҳҳои гуфтушунид ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию сиёсии ҷойдоштаро инкор менамояд. Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳатто баъди дарки нодурустии ақидаҳо ва моҳияти таълимоти роҳбаронашон, онро тарк кардан намехоҳанд. Онҳо баромадан аз ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳамчун хиёнат ба дину муқобилият ба Худо мефаҳманд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” таҳти мафҳуми терроризм содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдорҳое, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегарданд, агар ин кирдорҳо бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо, ҳамчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста ба фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатии мазкур ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятии онҳо содир шуда бошанд, фаҳмида мешавад.

Терроризм аз рӯи хусусияташ  гуногунҷабҳа буда дар давраи ҳозира  дорои чунин  шаклу намуд мебошад:

– таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо;

-куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида;

– рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан;

– таҳдиди куштан ва нобуд кардан, нисбати ходимони давлатӣ ва сиёсӣ;

– ташвиқоти терроризм;

– созмон додани ташкилотҳои террористӣ;

-кӯмак кардан ба ташкилотҳои террористӣ.

Мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм бояд пурзӯр карда шавад, зеро ин падидаҳои номатлуб ба ҷамъият ва давлат хатари ҷиддиро ба вуҷуд меоварад.

Ибрагимов Равшан Ходжиевич,

муовини декан оид ба корҳои таълим

факултети сиёсатшиносӣ ва МБ

You might also like