Изҳороти кафедраи технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт нисбати фаъолияти иғвоангези паймоншиканон

Кишвар осуда, мардумони он ором ва аз паи кору бори хеш бошад, пас ин кишваре, ки ақлро пеша намудаасту адл дар он ҳукмрон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили чунин макон маҳсуб меёбад.

Мо шаҳрвадони мамлакат умуман нафаронеро, ки дар хизмати кадом «фармоишгарон»-и нофаҳмо қувва ва малакаи худро харҷ намуда, оқибати кори худро дарк намекунанд, намефаҳмем.  Охир ба ғайр аз чашми сар боз инсон чашми дил ва ақлро дорад. Онҳо як бор бо ин чашмони худ ба кори дунё назари объективона намоед. Як ишораи ноҷоя ва рамзи бемаънӣ  басанда аст, ки тўдаҳои зиёди мардуми раҳгумзада даст ба гиребон гардида, додар ба додар корд кашад. Бад на ҳақ на ҳақиқат лозим намешавад, зеро чашми инсонро хун мегирад. Мо як вақт инро аз сар гузаронидем, бас аст.

Ба кулли ба ном равшанфикрон ва ватандустонӣ дар хориҷа зери қаноти ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ сарҷамъ омада гуфтанием, ки ба Тоҷикистон кордор нашавед, мо тақдири худро худамон муайян мекунем. Маслиҳату насиҳатҳои муғризонаи Шумо ба касе лозим нест.

Аҳли устодони кафедраи технологияи

 иттилоотӣ дар иқтисодиёт ДДҲБСТ

You might also like