Масъулияти таърихӣ ва рисолати созандагӣ: Чӣ гуна бояд насли ҷавонро аз таассуб ҳифз кард?

Дар низоми фалсафаи ҳастӣ (онтология) мафҳуми «интихоби озод» ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Инсон ҳамчун мавҷуди соҳибақл маҳз тавассути ирода ва интихоби огоҳона аз дигар мавҷудот тафовут меёбад. Аммо имрӯз суоли бунёдии экзистенсиалӣ (вуҷудӣ) ин аст: оё гаравиши бархе аз ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ маҳсули «иродаи озод» аст ё натиҷаи заҳролудшавии фикрӣ ва «ҷаҳолати мураккаб»?

Ифротгароӣ (экстремизм) на аз силоҳ, балки аз тахриби тафаккур оғоз мешавад. Вақте ки дониши фалсафӣ ва мантиқи солим ҷойи худро ба таассуби кӯр-кӯрона (фанатизм) медиҳад, инсон қобилияти дарки воқеиятро аз даст медиҳад. Стратегияи гурӯҳҳои тахрибкор бар «соддагардонии олам» (примитивизм) асос ёфтааст: онҳо ҷаҳони бисёррангро ба ду қутби мутлақ — «сиёҳ» ва «сафед» ҷудо карда, ба ҷавони бетаҷриба образҳои сохтаи «адолати идеалӣ»-ро пешниҳод месозанд.

Таҳлилҳо собит мекунанд, ки ифротгароӣ на ҳамеша реша дар фақри моддӣ дорад. Мо шоҳиди ҳолатҳои такондиҳандае ҳастем, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои бонуфуз — элитаи ояндаи илмии миллат таҳти таъсири таблиғоти виртуалӣ гумроҳ мешаванд. Ин нишони он аст, ки дар ниҳоди онҳо маънавиёт ва худшиносии миллӣ ҳанӯз комил шакл нагирифта буд. Дар ин раванд, нақши оила ҳамчун аввалин мактаби ахлоқӣ ниҳоят муҳим аст. Боиси таассуф аст, ки гоҳо волидайн худ боис ба инҳирофи фикрии фарзандон мегарданд, ки ин на танҳо фоҷиаи оилавӣ, балки зарба ба ояндаи миллат аст.

Суоли муҳими ҳалталаб ин аст: «Чӣ гуна метавон ҷомеаро аз ин гирдоб раҳо кард?». Дар ин ҷода муборизаи дастаҷамъона лозим аст. Кори идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳӣ бояд ҷиддитар ва низомманд барномарезӣ шавад. Масъулияти таълиму тарбияро танҳо бар зиммаи мактабу донишгоҳ вогузор кардан кофӣ нест. Шуъбаҳои фарҳанг ва иттилоот бояд дар ин самт пешгом бошанд: фазои фарҳангӣ ва ҳавасмандсозӣ – шабакаҳои телевизионӣ ва кинотеатрҳо бояд маркази тарғиби арзишҳои миллӣ гарданд. Намоиши филмҳо дар бораи фарзандони арзандаи миллат, корнамоиҳои таърихӣ ва ҳаёти созандаи муосир метавонад рӯҳияи ҷавононро дигар кунад. Бояд фазои идона ва фарҳангӣ (театру консертҳо) дастраси омма бошад. Хуб мешуд, ҷавонони болаёқату китобхон дар ҳузури омма қадршиносӣ шуда, ба онҳо имтиёзҳо дар нақлиёт ва хобгоҳҳо дода шавад.

Мутобиқи таълимоти фалсафӣ-иқтисодӣ, зерсохтори иқтисодӣ дар шаклгирии шуури иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад. Муҳтарам Пешвои миллат пайваста барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъсиси корхонаҳо ва зиёд кардани ҷойҳои корӣ талош меварзанд. Моро лозим аст, ки ин сиёсатро дар маҳалҳо тақвият бахшем, то заминаҳои муҳоҷирати маҷбурӣ коҳиш ёбад.

Ҳифзи шаъну шарафи шаҳрванд ҳам ҷойгоҳи худро дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷавонони мо дар муҳоҷират гоҳо мавқеи осебпазири ҳуқуқӣ ва равонӣ доранд. Мо бояд шароитеро фароҳам орем, ки шаҳрвандони мо дар Ватани худ меҳнати шоиста кунанд ва маоши мувофиқ гиранд. Ҳеҷ ҷавон набояд шоҳиди сарсонии волидайн аз пайи коло ё дар ҷустуҷӯи «ватани дуюм» бошад. Ин омил метавонад пеши роҳи заҳролудшавии фикриро бигирад.

Фалсафаи давлатдории Тоҷикистони муосир дар асоси принсипҳои дунявият, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба озодиҳои инсон бино шудааст. Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки ватандӯстӣ баландтарин шакли имон ва олитарин зуҳури хирад аст. Вазифаи мо — зиёиён ва масъулини ҷомеа он аст, ки роҳи гумроҳиро бо нури маърифат ва адолати иҷтимоӣ равшан созем. Набояд гузошт, ки неруҳои бегона бо истифода аз эҳсосоти муқаддаси динии мо, суботи ҷомеаро халалдор созанд.

Мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ,

доктори илмҳои фалсафа, дотсент Каримӣ А.А.

You might also like