Ҷаҳонишавӣ ва равнақёбии таассуби диню ифротгароӣ.
Бесабаб нест, ки сарвари давлат ҳамеша мардуми тоҷикро ба ҳушёрии сиёсӣ, ҳазар кардан аз ҳаракатҳои ифротӣ даъват мекунанд.
Ҷаҳонишавӣ (глобализация) падидаи нави иҷтимоиест, ки инсоният дар охири асри ХХ ба он рӯ ба рӯ гаштааст. Он ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷаъият ва самти тараққиёт зоҳир гардида, дар минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани собиқ иттиҳоди шӯравӣ доман паҳн намуд. Сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани глобализация инқилоби илмӣ-техникӣ ва иттилоотӣ, ташкили ширкатҳои транснатсионалӣ,ба вуҷуд омадани бозори ягонаи иқтисодӣ ва равандҳои дигари умумисайоравӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде ки аксаран дар бораи таъсири мусбӣ- пешбирандаи ҷаҳонишавӣ сухан меравад, лекин таъсирии манфӣ – зараровари он кам нест. Терроризм, экстриимизм, нашъамандӣ, коррупсия, мушкилоти экологӣ, низоҳои нави иҷтимоӣ ва авҷ гирифтани чунин падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ низ ба равандҳои ҷаҳонишавӣ робитаи ҳарҷониба дорд
Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза берун монда наметавонад.
Бинобар ин омӯзиши терроризм ва таассуби динӣ, оқибатҳои он, барои чомеаи мо аҳмияти назариявию маърифатӣ ва амалӣ дорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақае нест, ки аз амалҳои террористӣ, таассуби динӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Даҳсолаи охир терроризм чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам, дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида изи онро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Омилҳо ва заминаҳои рушди терроризм, навъхо ва хусусиятхои зуҳурёбии он хам сифатан ва ҳам ҳачман хеле афзудааст. Ба ақидаи яке аз олимоне ки падидахои хатарзои чахони имрузаро мавриди таҳкик карор додааст- С. Лансов, терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зӯрӣ ба олам ва оламиён аст.
Таҳлилгарон, якчанд шаклҳои терроризмро нишон медиҳанд, ки ҳар як навъи он метавонад ба ҷомеа хатаре дошта бошад.
Терроризми сиёсӣ – ин навъи терроризм бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси ҳамон ҷомеа мегардад. Ба сифати субъекти терроризми сиёсӣ чун анъана ҳизбҳои сиёсии радикалӣ, гуруҳҳои алоҳидаи дохили ҳизб ва ташкилотҳои экстремистӣ баромад мекунанд.
Терроризми миллатгароӣ – ин навъи терроризм бо таҳаммулнопазирии сиёсӣ асос ёфта бо сепаратизм-чудоиандозӣ алокаманд аст.
Терроризми динӣ – он ба муқобили сиёсати давлатҳои абадқудрат, ки кулли давлатҳои ҷаҳонро дар як «хонаи бузург» муттаҳид кардан мехоҳад, ки он оқибат ба дини онҳо раҳна ворид месозад, равона гардидааст.
Терроризми ҷиноӣ – он бо куштор, низоъ андохтан байни гурўҳҳои гуногуни ҷомеа, таъсир расонидан ба фаъолияти намояндагони ҳокимият асос ёфтааст.
Терроризми технологӣ, ки он таҳдиди зиёд дошта, бо истифода аз яроқи ядроӣ, химиёвӣ, бактереологи ва воситаҳои радиоактивӣ ба амал бароварда мешавад.
Терроризми кибернетикӣ – он нисбат ба ҳамаи навъҳои терроризм таҳдиди бештар дорад. Асоси фаъолияти он роҳ ёфтан ба воситаи ахбордиҳӣ, аз ҷумла интернет ва пахш кардани маълумоти бардурўғ, инчунин, тағйир додани далелҳо мебошад. Субъектони терроризм низ бо психологияи махсуси худ фарқ мекунад, ки онро «психологияи террорист» меноманд:
– нафрат доштан (ба худ, ба шахсони алоҳида, ба ҷомеа);
– фанатизм (таассуб);
– ноустувории психологӣ, бемории психикӣ;
– бовари ба он ки амали ҳақро содир мекунад.
Пешвои миллат, президенти кишвар дар мақолаи «Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо» овардаанд: « Низои фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар қаламрави Ислом аз нав хурўҷ намуд. Уммати исломиро фитнаи такфир, яъне кофир хондани мусалмон фаро гирифт. Фирқаҳо ва аҳзоби динӣ чунон зиёд шудаанд, ки ҳар кадом ба кофир ҳисобидани мухолифини ақидавӣ ва сиёсии худ мешитобанд, ва муборизаро алайҳи ҳамдигар амри шаръӣ медонанд»
Хуллас, терроризм ва амалҳои террористӣ яке аз таҳдидҳое мебошад, ки ҳар лаҳза метавонад таъсири манфии худро ба ҷомеа расонад.
Бесабаб нест, ки сарвари давлат ҳамеша мардуми тоҷикро ба ҳушёрии сиёсӣ, ҳазар кардан аз ҳаракатҳои ифротӣ даъват мекунанд.
Нишонбоев Алишер Нишонбоевич