Семинар – машварати таълимӣ дар донишгоҳ

Санаи 11-уми январи соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати омодагии сохторҳои таълимии донишгоҳ ба аттестатсияи давлатии навбатӣ семинар – машваратӣ омӯзишӣ доир гардид. Дар семинари мазкур садорати факултетҳои донишгоҳ, мудирони кафедраҳо ва устодону омӯзгор ширкат варзиданд.
Семинарро сардори раёсати таълими донишгоҳ дотсент Тоҷзод Далер Ҳамропур ҳусни оғоз бахшида, аз мақсаду мароми гузаронидани аттестатсияи давлатии навбатии донишгоҳ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, ёдовар шуд. Аз аттестатсияи давлатӣ гузаштани донишгоҳ яке аз роҳҳои муайянкунандаи рейтинги донишгоҳ дар арсаи ҷумҳурӣ буда, дар муддати 5 соли оянда ба фаъолияти донишгоҳ иҷозатнома дода мешавад. Мавсуф баён дошт, ки дар таърихи 25 соли мавҷудияти хеш, донишгоњ 5 маротиба аз аттестатсияи давлатӣ бомуваффақият гузаштааст. Сипас, иштирокчиёни семинар – машварат марбут ба муаммоҳои аттестатсияи сохтори таълимии донишгоҳ суолҳо пешниҳод карда, аз масъулини раёсати таълим посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like