Такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбиву педагогӣ, психологӣ, умумии касбӣ ва методии омӯзгорон курси такмили ихтисос фаъолияти худро оғоз намуд. Тибқи низомнома курсҳои такмили ихтисос аз рӯи равияҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт, низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт ба роҳ монда шуда, наздик 70 нафар омӯзгорон-шунавандагон аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҷалб гардиданд.

Машғулиятҳои курси такмили ихтисос аз санаи 13 январи соли равон оғоз гардида то 08 феврал идома меёбад. Дар назар аст, ки барои гузаронидани машғулиятҳо мутахассисони варзида аз сохтору идораҳои гуногун даъват карда шаванд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like