Як соли бохти назҳат
Ман ҳаргиз ба чунин таҳлилу хулосабарориҳои роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ розӣ шуда наметавонам, онҳо комилан беасос мебошанд. Зеро Тоҷикистон пайваста ва зина ба зина, сол ба сол рў ба самти рушд қарор дорад. Бо итминон гуфта метавонем, ки мувафақиятҳои солҳои охир худ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон давлати рў ба ҷониби тараққиёт тамоюлдошта, мардумсолору қонунмеҳвар мебошад.
Роҳбарияти Тоҷикистон баҳри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба неруҳои мухолифин бовар кард ва имконияти васеи кору фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиро фароҳам оварда, ҳамкории боэътимоди дуҷонибаро ба роҳ монд ва чи тавре, ки шумо, М.Кабирӣ ибрози ақида намудед, кишвари мо аз соли 2000 то 2010 дар фазои ором ва ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугў, ки захмҳои ҷанги шаҳрвандиро шифо мебахшид унвон кардед ва шумо нагуфтет, ки ин фазои оромро, ҳамдигарфаҳмию гуфтугўро кӣ вайрон кард?
Мавриди тазаккур аст, ки Тоҷикистон воқеан ба як кишвари пешрафтаи иқтисодӣ мубаддал мегардад, принсипҳои демократӣ ҷомаи амал пўшидаанд, кишвари маҳбуби мо воқеан ҳуқуқбунёд мебошад. Инсонҳо новобаста аз ҷаҳонбинӣ, мазҳаб ва забону ақидаашон ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар доранд.
Паёми имсолаи Пешвои миллат эътимобахшу пурмўҳтаво ва асоснок буда, чанбаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат бо таҳлили амиқ пешниҳод гардид. Тибқи таҳлили Пешвои миллат воқеан Тоҷикистон аз соли 2013 то имрўз ба пешрафтҳои бузург ноил гаштааст. Дар амал татбиқ гаштани самтҳои стратегии рушди кишвар исботи коранд. Ба кор даромадани ду агрегати НБО “Роғун” ба амал татбиқ шудани самти дигари стратегӣ, яъне саноатикунонии мамлакатро суръат мебахшад.
Аз мўҳтавои паёми Кабирӣ бармеояд, ки ў аҳолии Тоҷикистонро алайҳи роҳбарияти давлат «мунсаҷим ва шердил» карда ба мубориза даъват менамояд. Аз ин даъватҳо ба «бедории миллат» бўи солҳои 90-ум меояд. Бўи инқилоб меояд. Инқилоб ҳамеша ҷои ободро вайрон мекунад, мешиканад.
Мардуми боақлу фазилати Тоҷикситони маҳбумамонро даъват менамоям, ки ба гуфтаву бофтаи роҳбари Паймони имллӣ гўш надода, бовар накарда, аз кору зинадагии худ намонда, сиёсати инсонгароёнаю меҳанпарваронаи Пешвои муаззами миллатамонро ҳамчун пояи боэътимоди рушди давлатдории миллиамон қадр карда, дар атрофи он ҷамъ гашта кору фаъолият намоем.
Ёқубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ