Ватан сар мешавад аз гоҳвора…
Дар партави Рӯзи Артиши миллӣ...
«Ҳар яки мо бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта,
бо тамоми қувват барои ҳимояи Ватан омода бошем».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар як миллат ва ҳар як давлат дар марҳалаҳои рушд ва ташаккули давлатдории хеш ба як омил ниёз дорад, ки бидуни он устуворӣ ва шукуфоӣ муяссар намешавад. Ин омил — ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан мебошад.
Ҳимояи марзу буми Ватан яке аз муқаддастарин ва масъулиятноктарин вазифаҳои ҳар як шаҳрванди бонангу номус ба шумор меравад. Ватан барои инсон танҳо як қаламрави ҷуғрофӣ нест, балки сарзамине мебошад, ки ӯ дар он ба дунё омада, ба камол расида, забону фарҳанг ва таърихи худро аз худ кардааст. Маҳз Ватан ба инсон ҳувият, шараф ва ифтихор мебахшад. Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва суботи давлат қарзи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Дар Тоҷикистон масъалаи ҳимояи марзу буми кишвар аҳамияти махсус дорад. Кишвари мо пас аз ба даст овардани истиқлолият роҳи душвору пурмасъулияти давлатсозиро тай намуд. Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки танҳо бо ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ метавон давлатро устувор нигоҳ дошт. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот бузургтарин неъматест, ки бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ зикр мекунанд, ки бе ҳамдилӣ ва ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа ҳифзи марзу буми Ватан ғайриимкон аст. Дар суханронии онҳо гуфта шудааст:
«Ҳифзи марз ва сулҳу ваҳдат ба ҳамбастагии тамоми миллат вобаста аст. Фақат бо якдилӣ ва садоқат метавонем Ватанро аз ҳар гуна хатар ҳифз намоем».
Ин маънои онро дорад, ки марз ва амният танҳо бо қудрат ва артиш ҳифз намешавад, балки бо ҳушёрӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ низ устувор мешавад.
Марзу буми Ватан рамзи истиқлол ва озодии миллат аст. Ҳар ваҷаб хоки он бо ранҷи ниёгон, бо қаҳрамониҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқи миллат пайванд дорад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар давраҳои гуногун барои ҳифзи сарзамини худ мубориза бурдааст. Қаҳрамонони миллӣ бо шуҷоат ва матонат марзу буми кишварро ҳимоя намуда, барои наслҳои оянда зиндагии осоишта ба мерос гузоштаанд. Аз ин лиҳоз, мо низ вазифадорем, ки ин мероси гаронбаҳоро пос дорем.
Ватандӯстӣ бояд аз оила ва мактаб оғоз гардад. Вақте ки кӯдак аз синни хурдӣ бо эҳсоси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба воя мерасад, ӯ дар оянда шаҳрванди содиқ ва масъулиятшинос мегардад. Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ заминаи устувори амнияти давлат мебошад.
Ҳифзи марзу буми Ватан инчунин маънои ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ ва забони модариро дорад. Забон, таърих ва суннатҳои миллӣ пояҳои ҳастии миллатанд. Агар мо онҳоро эҳтиром ва ҳифз намоем, миллат пойдор ва давлат устувор мемонад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд барои посдории фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ саҳмгузор бошад.
Хатарҳо метавонанд на танҳо ҳарбӣ, балки иттилоотӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бошанд. Барои муқобила бо чунин таҳдидҳо ҷомеаи босавод, муттаҳид ва худогоҳ зарур аст. Илму дониш, тафаккури солим ва ҳисси масъулиятшиносӣ моро дар роҳи ҳифзи истиқлолият қавитар мегардонанд.
Ҳимояи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус мебошад. Ватан сарвати бебаҳо ва мероси ниёгони мост. Мо бояд бо иттиҳоду ваҳдат, бо меҳнати софдилона ва садоқати комил онро ҳифз намоем. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем истиқлолият, сулҳ ва суботи кишварро барои наслҳои оянда нигоҳ дорем. Муҳаббат ба Ватан, эҳсоси масъулият ва омодагӣ ба ҳимояи он бояд ҳамеша дар қалби ҳар яки мо зинда бошад. Танҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ метавонем ояндаи дурахшонро таъмин кунем.
Хоҷаева Марҳаматхон Исроиловна
мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ