Артиши миллӣ – омили муҳимми таҳкими истиқлоли давлат
Артиши миллӣ на танҳо ҳамчун неруи ҳарбӣ, балки як институти муҳимми сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ба он на танҳо ҳамчун воситаи ҳифзи марз, балки ҳамчун унсури стратегии амнияти миллӣ, устувории сиёсӣ ва нуфузи байналмилалӣ менигаранд. Илова ба ин, таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо як ниҳоди ҳарбӣ набуда, сутуни аслии давлатдорӣ, рамзи истиқлолият ва таҷассумгари иродаи сиёсӣ мебошад.
Дар шароити муосир, ки низоми муносибатҳои байналмилалӣ бо ноустуворӣ, таҳдидҳои ҳарбӣ ва густариши низоъҳои минтақавӣ тавсиф мешавад, нақш ва ҷойгоҳи Артиши миллӣ боз ҳам муҳимтар мегардад.
Ҳанӯз дар осори мутафаккири Юнони Қадим, аз ҷумла Афлотун масъалаи нақши неруи муҳофизатӣ дар сохтори давлатдорӣ баррасӣ гардидааст. Ӯ дар раванди омӯзиш ва таҳлили фаъолияти сиёсӣ ва қудрату тавоноии полисҳо ҷомеаро ба се қисмат тақсим мекунад, ки аз файласуфон, ҷанговарон ва ҳунармандон иборатанд. Мутафаккир нақши ҳар се табақаро дар раванди рушди ҷомеа ва давлат муҳим меҳисобад. Аммо, диққати асосӣ ба қисмати дуюми он – ҷанговарон дода мешавад. Ба андеши ӯ вазифаи асосии лашкарону афсарон дар баробари ҷорӣ намудани тартибот дар дохили кишвар, ҳамчунин ҳимояи он аз душманони беруна мебошад. Гарчанде назарияи мазкур ба замони қадим тааллуқ дорад, аммо моҳияти он имрӯз низ аҳаммияти худро гум накардааст. Ҳар қадаре, ки давлат соҳиби неруи муҳофизатии қавӣ ва тавоно, яъне лашкари пурқувват бошад, ҳамон қадар бехатарии он таъмин карда мешавад. Аз ин рӯ, мавҷудияти лашкари пурқудрат дар замони муосир ба сифати омили муҳим дар раванди таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар баромад мекунад.
Дар шароити давлатдории мо ташаккули Артиши миллӣ ба марҳилаи бисёр ҳассоси таърихи давлатдорӣ рост омад. Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, кишвар дар вазъияти мураккаби сиёсӣ қарор дошт. Маҳз таъсис ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба суботи сиёсӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ замина гузошт. Дар робита ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: «Мо имрӯз ифтихор дорем, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳимми давалтдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст».
Дар баробари ин, қайд намудан зарур аст, ки дар баробари пешравӣ дар фаъолияти қисмҳои ҳарбӣ, инчунин камбудиҳо низ дар раванди сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба назар мерасад. Хусусияти хоси ин камбудиҳо, пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки аз шахси алоҳида ё танҳо аз субъектони таъсиррасон вобаста нест, балки фаъолияти дастаҷамъонаро талаб мекунад. Бо назардошти ба инобат гирифтани вазъи воқеӣ, метавон чанде аз чунин мушкилоти амалиро дар ин самт мушоҳида кард, ки аз ҷумлаи инҳоянд:
- Аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ нобаробар будани сатҳи омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ;
- Маҳдуд будани фаҳмиш ва тасаввуроти ҷомеа дар бораи Артиш ва хизмат дар он;
- Мавҷуд набудани ҳамкории доимии сохторҳои низомӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба раванди сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ.
Мушкилоти ҷойдошта нишон медиҳанд, ки ҳалли масъала танҳо дар доираи фаъолияти мақомотҳои дахлдор аз қабили комиссариатҳои ҳарбӣ ғайриимкон аст. Он бештар аз фаъолияти дастаҷамъона, муттаҳидии ҷомеа ва тарбияи сиёсии ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастии онҳо, ки аз оила сарчашма мегирад, вобастагии қавӣ дорад. Дар робита ба масъалаи мазкур моро зарур аст, ки муносибати худро дар асоси стратегияҳои мушаххас ба роҳ монда бошем. Яъне, Артиши миллӣ дар марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ ҳамчун ба сифати институти муосири сиёсӣ рушд дода шавад. Ба андеши мо, ин марҳила бояд се самтро дар бар гирифта бошад:
- Ҷиҳатҳои маънавӣ ва арзиширо фаро мегирад, ки дар таркиби он ташаккули фарҳанги ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар сатҳи оила, муассисаҳои томактабӣ, мактаб, донишгоҳ ва муҳити корӣ қарор дорад;
- Қисмати институтсионалӣ. Бояд воситаҳои асосӣ ва механизмҳои ҳамкорӣ ҷиҳати даъвати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ такмил дода шаванд;
- Ташкили фазои мусбати иттилоотӣ. Дар ин қисмат бояд маълумоти равшану возеҳ дар бораи Артиш пахш карда шавад. Маълумотҳое бештар пахш карда шаванд, ки эътимоду боварии ҷомеаро оиди вазъи шароит ва муҳити хизмат дар Артиш зиёд гардонад.
Артиши миллӣ на танҳо сипари боэътимоди Ватан, балки нишондиҳандаи сатҳи масъулияти шаҳрвандии ҷомеа мебошад. Қувваи воқеии он танҳо дар техника ва шумораи ҳайати шахсӣ ифода намеёбад, балки дар сатҳи шуури шаҳрвандӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, тарбияи сиёсӣ ва омодагии ҷавонон барои ҳимояи давлату миллат таҷассум меёбад. Имрӯз масъалаи асосӣ натанҳо таҳкими сохтори низомӣ, балки таҳкими фарҳанги масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Агар ҷомеа хизматро ҳамчун арзиши давлатӣ қабул намояд, Артиши миллӣ боз ҳам қавитар мегардад. Ин раванд танҳо дар сатҳи шиор боқӣ монад, мушкилот идома хоҳанд ёфт. Аз ин рӯ, муносибат ба Артиши миллӣ бояд ҳамаҷониба, стратегӣ ва дар ҳамбастагӣ бо тамоми институтҳои иҷтимоӣ бояд ба роҳ монда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат метавонад на танҳо кафили амнияти сарҳад, балки заминаи устувори рушди давлатдорӣ ва ояндаи боэътимоди Тоҷикистон гардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки мушкилоти мавҷуда аз қабили аз ҷиҳати равонӣ нобаробар будани сатҳи омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, маҳдуд будани фаҳмиш ва тасаввуроти ҷомеа дар бораи Артиш ва мавҷуд набудани ҳамкории доимии сохторҳои низомӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо аз фаъолияти мақомотҳои дахлдор ва аз ҷумла комиссариатҳои ҳарбӣ вобаста нест. Он муносибати фарогир ва муттаҳидии ҷомеаи шаҳрвандиро талаб мекунад. Ҳамзамон, тақвияти ҳамкории доимии сохторҳои низомӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкили рӯзҳои «дарҳои кушод» дар қисмҳои ҳарбӣ зарур дониста мешавад. Дар маҷмуъ, ба андешаи мо, дар сурати ба роҳ мондани чунин чораҳои мушаххас Артиши миллӣ метавонад ҳамчун кафили амнияти сарҳад ва истиқлолияти давлатӣ баромад кунад.
Мирзокомил Комилов,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ