Кабирӣ аз худ “фидои Ватан”-ро метарошад!
Вақтҳои охир аз ҷониби мунофиқони наҳзатӣ нисбати сиёсати кунунии Ҳукумати Тоҷикистон нидоҳои бардурўғ, фосиқона ва бидуни орият садо медиҳад. Тамғаи рукудро ба татбиқи мунтазами чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» насб мегардонад, азму талошҳои беназири Сарвари давлатро дар рушду нумўи кишвар бо чашмони нигилистӣ менигарад, ки ин боиси нигаронист. Неруи мухолифин ниқоби ҳузнангезу нанговари солҳои 90-уми асри сипарии хешро тағйир надода, пайваста такмил дода тамоми воситаҳои ҷанги иттилоотиро ба сўйи мардуми азияткашидаи фарҳангсолору тамаддунофар бешармона ва бераҳмона истифода бурда, аз чоҳе, ки об нўшидаанд ба он туф менамоянд.
Таърихи начандон дури халқи тоҷикро инкор намуда, худро мекўшанд назди ҷаҳониён сафед намоянд. Пайваста аз иқдомҳои авомфиребонаи хеш меболанду худро назди аҳли ом чун «қаҳрамон», «фидоии ватан» метарошанд. Худ қазоват намоед, академик Раҳим Масов воқеаҳои хунини солҳои 90-уми асри сипариро дар таърихи тоҷикон «саҳифаи нанговари таърихи халқи тоҷик» номидааст. Дар ҳақиқат амалу рафтори наҳзат дар саҳифаи таърихи миллати мо чун изи сиёҳ боқӣ мемонад.
Мо аҳли зиёӣ ҷомеа ва махсусан омӯзгорон намегузорем, ки саҳифаҳои хунину пур аз нангу ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, ситезаву тундгароӣ, адовату ситами наҳзатиён сатрҳои китоби маънавиёти бои тоҷиконро фаро гирад. Дигар онҳо қудрати фиреби миллатро надоранд. Онҳо ҳама ифротианд ва барои онҳо Ватан ва обу хоки муқаддаси он ҳайф аст.
Қобилова С.Я. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ