Ҷиҳоду шаҳодати наҳзат

Бо гузашти вақт аз ҷанги шаҳрвандӣ  торафт равшантар мегардад, ки сабабгор ва барангезандаи асосии ҷангу хунрезӣ кӣ будаасту манфиатхоҳон аз ин ҷанги шаҳрвандӣ кадом гуруҳ будаанд.

Аксари таҳлилгарон ҷанги бародаркушро дар Тоҷикистон, ки солҳои 1992-1997 идома ёфт, ба ҷанги таҳмилӣ ном мегиранд. Вале ташкилкунандагону оташдиҳандагон, душманони дохилии миллати мо роҳбарияту аъзоёни фаъоли ҳизби экстремистии назҳати ислом бо маблағгузории хоҷагони хориҷии худ буданд. Тибқи Конститутсияи амалкунанда, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ ба шумор меравад. Дар ҷомеаи дунявӣ мавҷудияти ҳизби динӣ омили хавфу хатар аст. Аммо ҳукумати мамлакат ба хотири сулҳу суботи ҷомеа ва якдилии миллати тоҷик ба ТЭТ ҲНИ аз 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав номнавис шуда, ба фаъолият шуруъ кард. Ҳизби мазкур  аз замоне,  ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд, ба ҷузъ ташкили намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷўӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинии наҳзат  ба чи овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромӯш намуда, худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву» «оҷиз» мешумориданд. Ба ҳамагон возеҳ равшан аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо гуруҳи экстремистӣ ва террористие бо номи Наҳзати исломи Тоҷикистон бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда чи нақшаҳое паси парда таҳия намуданд. Ва бо чунин  нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро барҳам зананд. Ҳарчанд, ки дар солҳои аввали Истиқлолият борҳо барои амалисозии нақшаҳои худ талош намуданд, аммо хилофи солҳои қабл дар  амали соли 2015 анҷом додаашон зуд тирашон хок хурд ва чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии онҳо ба мардум ошкор шуд. Солҳои тӯлонӣ сарварони ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таассубро талқин мекарданд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гӯё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гуруҳу ташкилотҳои террористии Сурияву Ироқ ва Афғонистон мебошанд.

Фаъолияти ин гуруҳ бо истифода аз номи ислом чандин афроди қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба доми худ кашида, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин то замони мамнуъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар кишвар ҳазорҳо қурбониро бар ҷой гузошт.  Худ қазоват кунед,  оё ислом қатлу куштор аст? Онҳо  мехостанд  ба ақидаҳои бегонапарастии худ, ки сарчашма аз хоҷагонашон мегирифтанд  суббот ва сохти конститутсионии давлатро сарнагун созанд, вале  тирашон хато  рафт  ва  давлати ҷавону пуриқтидори Тоҷикистон  ба  онҳо  посухи  муносиб  дод. Мо ин шахсиятҳои беҳаёву хиёнаткор ва аз арзишҳои ислом  суистифода намударо, ки боиси  ба ризқи мардум зомину ҷону номуси мардум таҷовуз карданд маҳкум менамоем ва худро узви ҷудонашавандаи ҷомеаи Тоҷикистон шумурда, баҳри субботу оромӣ ва ободии кишвари азизамон  пайваста  талош намуда ва террорист ва экстремист будани наҳзатро маҳкум менамоем.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like