Дурӯягии наҳзатиён ошкор шуд!

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми тоҷик як саҳифаи сиёҳ дар таърихи минбаъдаи Тоҷикистон ба шумор рафта, ин ҷанг дар натиҷаи фаъолияти мансабталошии гуруҳҳои гуногуни сиёсии ҷомеа ба вуқўъ пайваст, ки иштирокчиёни фаъоли он маҳз ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки мақсади оинномавии онҳо аслан дигар буд. Он ваҳшигариҳое ки исломиён дар вақти майдони Шаҳидон ва ҷанги шаҳрвандӣ содир намуданд, ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо фаромўш намешаванд. Он амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ на танҳо дар чаҳорчўбаи ахлоқ ва қонун, балки умуман ба меъёрҳои мусулмони наздик нест. Оё ҳамаи он вичдонашонро – наҳзатиҳоро азоб намедиҳад, ки имрўз онҳо дар барои сулҳ суханҳои баланд мегўянд ва  ғами манфиати халқро гўё мекарда бошанд. Вале дар асл дини мубини исломро ниқоб намуда манфиатҳои ғаразноки худро амалӣ кардани мешаванд. Мо боварӣ дорем, ки агар номи ин ҳизб мафҳуми «Ислом» намедошт ҳатто як фоизи аҳолии ҷумҳурӣ онро дастгирӣ намекарданд. Дар натиҷаи корҳои тарғиботии онҳо, бархе аз ҷавонон, ки дониши комили динӣ надоранд гумроҳ шуда, ба сафи ин ҳизб ҳамроҳ шуданашонро надониста монданд. Натиҷаи интихоботи парламентӣ, ки моҳи марти соли 2015 дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷа ТЭТ ҲНИ ниҳоят фоизи пасти овозҳоро соҳиб гардид, нишонаи он аст, ки дар ҷумҳурӣ ҲНИ нуфузи паст дорад. Зеро дар тўли солҳои фаъолияти худ ягон барномае, ки метавонад ба манфиати ҷомеа ва давлат бошад, барои ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равона гардида бошанд, пешниҳод накардааст, танҳо фаъолияти дурўягӣ ва танқидиро пеша кардааст.

Тоҷикистон мақсади бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи тараққикардаи шаҳрвандиро дорад, ки тамоми фаъолияти ҳукумати ҷумҳурӣ ба он равона гардидааст.  Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кўшишу ғайрати худро барои баланд бардоштани обрўву нуфузи давлатамон дар арсаи байналхалқӣ равона намуда ва дар ин самт барномаҳои дурнамо таҳия ва амалӣ гардида истодаанд. Ҳеҷ як таҳдид ба монанди муроҷиатномаи ТЭТ ҲНИ ба давлатҳои хориҷ ва ташкилотҳои байналхалқӣ наметавонад обрўву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ паст намояд. Бигзор ин ҳизб минбаъд ба сиёсати дохилии давлати мо дахолат накунад, зеро вай ба ин кор ҳуқуқи маънавӣ надорад. Бо қарори Додгоҳи олии мамлакат аз соли моҳи декабри соли 2016 Ҳизби наҳзат ҳамчун ташкилоти экстремистиву террористӣ шинохта шуда, фаъолияти он дар қаламрави мамлакат расман манъ гардид.

Тюряев Ҷ.А. – сармуаллими

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

 

You might also like