Насиҳати наҳзат аз сараш монад
Дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” Халили Қаюмзод оиди шаҳрдорӣ ба Раиси шаҳри Душанбе панду насиҳат намудааст. Чунин рафтори Халил Қаюмзод шахсро ба тааҷуб мегузорад, ки ӯ кисту насиҳатгӯияш чист?
Ӯро дар ҷомеа ҳамчун журналисти иғвогару ифротгаро мешиносанд. Ӯ бо қалами худ ба манфиати наҳзатиҳо хизмат намуда барои тарғиби ғояҳои онҳо фаъолият карда истодааст. Бояд қайд кард, ки Халили Қаюмзод бо насиҳатгӯияш худро шахси оқилу доно тарошиданӣ шудааст. Мо ӯро чун журналисти сӯзондаю хиёнаткор мешиносем. Ӯ ки имрӯз дар хориҷа аст баҳри манфиатҳои Ҳизби наҳзат хизмат карда истодаанд ва Халили Қаюмзод амалҳои зишту нопоки онҳоро ба ҷомеа барои аз нигоҳи нек нишон додан хизмат карда истодааст. Ба Халили Қаюмзод гуфтанӣ ҳастем, ки насиҳатҳои худро ба Кабирӣ, Илҳом Ёқубов ва дигар ҳаммаслаконаш баён кунад. Зеро имрӯз онҳо дар хориҷа истода амалҳои ифротагронаи худро давом дода, ба сарпарастони хориҷиашон хизмат карда истодаанд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар натиҷаи созандагию бунёдкорона ба дастовардҳои назаррас соҳиб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро соҳиб гаштааст. Инро метавон на танҳо дар худи корҳои ободониву созандагӣ дар маркази мамлакат шаҳри Душанбе дид. Ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бастаанд.
Халили Қаюмзод ва монанди ӯ барои амали гардидани мақсадҳои нопоки ТЭТ ҲНИ фаъолияти иғвогаронаи худро давом дода истодаанд. Аммо тири сиёҳи наҳзат хок мехурад.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ