Изҳороти устодони факултети баҳисобгирӣ ва андоз нисбати баромадҳои муғризонаи роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ
Вақтҳои охир тибқи расонаҳои интернетӣ аз ҷониби аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воқеаҳои кишвар ҳаргуна гапҳои бардурўғ паҳн карда шуда, мардуми кишвар ва шаҳрвадони хориҷиро ба доми худ гирифтор карданиянд. Мақсад дар он аст, ки бо ҳаргуна роҳҳо боз аъзоёни ҳизби террористӣ наҳзат ба сари қудрат омада, хилофати дуруғини худро таъсис доданианд. Аммо нақшаи онҳо шикаст мехурад.
Хурсандиовар дар он аст, ки мардуми кишвар аллакай воқеъияти аслро фаҳмида рафтори наҳзатиёнро маҳкум мекунанд. Ошӯби моҳи сентябри соли 2015 то ҳол дар хотири мардум аст. Лек қисме аз ҷавонони ноогоҳ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба доми наҳзатиён афтода, ба гумроҳи рафта истодаанд. Наҳзатиён бошад бо ҳаргуна роҳҳо мехоҳанд гумроҳшудагонро ба доми худ гирифтор намуда, ба хориҷи кишвар даъват карда ба ҷангҳои Сурияву Ироқ равона месозанд. Барои ҳамин аҳли ҷомеа бояд ҳама зиракиро аз даст надода , бештар дар байни ҷавонон корҳои фаҳмодадиҳӣ ба роҳ монда шуда, нагузорем, ки онҳо ба доми наҳзатиён афтанд. Ватани худро аз изи сиёҳи наҳзат пок нигоҳ дорем.
Аҳли устодони факултети
баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ