Ҷавонон, тарбияи сиёсӣ ва худшиносии миллӣ

Имрӯз, мо дар марҳалае қарор дорем, ки масъалаи худшиносиву худогоҳии миллӣ беш аз ҳар вақти дигар ба сатҳи тарбияи сиёсии ҷавонон вобаста аст. Ҷавонон на танҳо қисми фаъоли ҷомеа, балки фардои давлат мебошанд. Аз ҳамин ҷост, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли «Вусъат додани корҳои созандагиву ободкорӣ ва тақвияти таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» моро водор месозад, то ба масъалаи тарбияи сиёсии ҷавонон, ки омили асосии ташаккули ҳисси худшиносиву худогоҳии милии ҷавонон ба ҳисоб меравад, бо нигоҳи амиқ муносибат намуда бошем.

Тарбияи сиёсӣ мафҳуми маҳдуд ё шаклӣ нест. Он раванди бедор кардани шуури миллӣ, ташаккули тафаккури шаҳрвандӣ ва омода сохтани ҷавон ба дарки масъулияти иҷтимоиву давлатӣ мебошад. Бе ин поя, худшиносиву худогоҳии миллӣ танҳо дар сатҳи шиор боқӣ мемонад. Тарбияи сиёсӣ, пеш аз ҳама, ба ҷавонон фаҳмиши моҳияти давлат, ҷомеа, қонун, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандиро медиҳад. Тавассути омӯзиши арзишҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҷавонон дарк мекунанд, ки онҳо танҳо назоратчиёни равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки иштирокчиёни фаъоли ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Ин дарк ҳисси худшиносии онҳоро тақвият мебахшад, зеро шахс худро ҳамчун узви муҳими ҷомеа ва давлат эҳсос мекунад.

Аз ҷониби дигар, тарбияи сиёсӣ ба ташаккули худогоҳӣ мусоидат менамояд. Ҷавонон дар ҷараёни омӯзиш ва муҳокимаи масъалаҳои сиёсӣ ва миллӣ ба арзёбии воқеии мавқеи худ дар ҷомеа мерасанд, қудрату имкониятҳои худро мешиносанд ва дарк мекунанд, ки амал ва интихоби онҳо метавонад ба рушди ҷомеа таъсир расонад. Худогоҳии сиёсӣ ҷавононро аз бетарафӣ ва бепарвоӣ дур карда, онҳоро ба иштирок ва масъулиятпазирӣ водор месозад. Вақте ҷавонон мефаҳманд, ки ҳар як амал, ташаббус ё иштироки онҳо ба манфиати ҷомеа ва давлат хизмат мекунад, муносибати онҳо ба кор, муҳити зист ва масъалаҳои иҷтимоӣ тағйир меёбад. Онҳо на танҳо иҷрои супоришро меомӯзанд, балки маъно ва арзиши онро дар сатҳи миллӣ ва шаҳрвандӣ дарк мекунанд.

Ҳамзамон, тарбияи сиёсӣ ҳисси ифтихор аз давлат, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллиро дар шуури ҷавонон тақвият медиҳад. Ин ҳисси ифтихор заминаи устувори худшиносии миллӣ ва худогоҳии шаҳрвандиро фароҳам меорад. Ҷавононе, ки ба миллат ва давлаташ арҷ мегузорад, дар назди ҷомеа масъулияти бештар эҳсос намуда, барои рушди он талош мекунад.

Тарбияи сиёсии ҷавонон на танҳо раванди омӯзиши донишҳои сиёсӣ, балки василаи муҳими ташаккули шахсияти комил, худшинос ва худогоҳ мебошад. Тавассути тарбияи сиёсӣ ҷавонон ба шаҳрвандони фаъол, масъул ва созанда табдил ёфта, метавонанд дар таҳкими субот, рушди устувор ва пешрафти ҷомеа нақши муассир гузоранд.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки муваффақият дар тарбияи сиёсии ҷавонон пеш аз ҳама ба пайвастагии таълим, амал ва масъулият вобаста аст. Дар кишварҳои аврупоӣ тарбия ҳамчун раванди ташаккули шаҳрвандии огоҳона ба роҳ монда шудааст. Яъне, ҷавонон танҳо дар он сурат худогоҳ мешавад, ки худро шарики давлат эҳсос кунад, на тамошобини он. Ин нуқта барои мо низ аҳамияти калидӣ дорад.

Бо вуҷуди талошҳои зиёд, дар ҷомеаи мо як қатор омилҳо вуҷуд доранд, ки ба ташаккули тарбияи сиёсии ҷавонон ва худшиносиву худогоҳии онҳо монеа эҷод мекунанд. Яке аз чунин омилҳо бетарафии сиёсӣ аст.

    Имрӯз бархе аз ҷавонон ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва равандҳои муҳими кишвар таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намекунанд. Яке аз сабабҳои ин ҳолат метавонад тарзи истифодаи вақт ва манбаъҳои иттилоотӣ бошад. Масалан, ҷавононе, ки қисми зиёди вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сипарӣ мекунад, аксаран аз рӯйдодҳои сиёсӣ, хабарҳои саргармкунанда ё баҳсҳои ҷаҳонӣ иттилои бештар дорад. Дар баробари ин, сатҳи ноогоҳии ҷавонон аз қарорҳо, барномаҳои амалкунандаи давлатӣ, имкониятҳои иҷтимоӣ ё ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ низ ба назар мерасад. Ин нобаробарии иттилоотӣ боис мегардад, ки фаҳмиши амиқ нисбат ба равандҳои воқеии ҷомеа ва нақши шахсии худ дар он пурра ташаккул наёбад.

    Омили дигар таъсири муҳити иттилоотии беназорат аст. Ҷавонон аксаран маълумотро аз манбаъҳои тасодуфӣ мегиранд. Дар чунин ҳолат, ғояҳои таҳрифшуда, овозаҳо ва андешаҳои ифротӣ метавонанд ба шуури онҳо таъсир расонанд. Мисол, ҷавоне, ки бе таҳлили интиқодӣ ба ҳар иттилооти паҳншуда бовар мекунад, тадриҷан аз арзишҳои миллӣ дур мешавад ва худогоҳии ӯ осеб мебинад.

    Камранг будани иштироки амалӣ низ мушкили ҷиддӣ аст. Вақте ҷавонон танҳо шунаванда ҳастанд, на иштирокчӣ, тарбияи сиёсӣ самараи дилхоҳ намедиҳад. Бисёре аз ҷавонон мехоҳанд фаъол бошанд, аммо роҳу усулҳои муосири ҷалби онҳо ҳамеша дастрас нестанд. Дар чунин шароит, тарбияи сиёсӣ бояд аз қолаби анъанавӣ берун равад. Он бояд бо забони ҷавонон, бо мисолҳои зиндагии онҳо ва бо воситаҳои инноватсионӣ сурат гирад. Худшиносиву худогоҳии миллӣ маҳз дар он ҳолат ташаккул меёбад, ки ҷавонон мефаҳманд, ки давлат, ҷомеа ва оянда аз интихоби худи онҳо вобаста аст.

Ба андешаи мо иҷрои чунин амалҳо барои тарбияи сиёсӣ ва ташаккули ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон ба сифати омили муҳим баромад мекунад:

  • Ҷалби ҷавонон ба ташаббусҳои иҷтимоӣ бо натиҷаи воқеӣ. Тарбияи сиёсӣ замоне самара медиҳад, ки ҷавонон натиҷаи амалашонро бинанд. Масалан, ташаббусҳои ҷавонон дар ҳалли мушкилоти маҳаллӣ аз пешниҳоди ғоя то иҷрои он метавонад ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва худогоҳии миллиро тақвият бахшад. Дар чунин ҳолат онҳо мефаҳмад, ки сиёсат танҳо сухан нест, балки амал ва қарор аст. Ташкили шӯроҳои ҷавонон дар маҳалҳо, ки пешниҳодҳои онҳо воқеан шунида ва татбиқ шаванд. Ин амал эҳсоси масъулият ва худогоҳиро қавӣ месозад. Шӯроҳои маҳаллӣ ҷавононро водор мекунанд, ки мушкилоти маҳалро таҳлил кунанд, пешниҳод диҳанд ва бо ҷомеа ҳамкорӣ кунанд. Ин раванд ҳамчунин малакаҳои коммуникатсионӣ ва ҳамкории гуруҳиро инкишоф медиҳад. Ҷавонон меомӯзанд, ки шаҳрвандият танҳо дар маъракаҳои сиёсӣ иштирок кардан маҳдуд намешавад, балки тавассути иштирок дар қароргирии маҳаллӣ ҳам татбиқ мешавад. Ин ба ташаккули насли фаъол ва масъули ҷомеа мусоидат мекунад.
  • Дастгирии ташаббусҳои эҷодии ҷавонон дар самти ҳувияти миллӣ. Имрӯз бисёре аз ҷавонон тавассути дизайн, мусиқӣ, кинои кӯтоҳ, аксбардорӣ ва ҳунари рақамӣ андешаҳои худро баён мекунанд. Агар худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ин шаклҳо инъикоси худро ёбанд, таъсири он чанд баробар бештар мешавад. Тарбияи сиёсӣ метавонад маҳз дар ҳамин фазои эҷодӣ, бе шиор ва фишор, вале бо маънои амиқ сурат гирад.
  • Ташаккули фарҳанги тафаккури интиқодӣ. Яке аз муҳимтарин унсурҳои тарбияи сиёсӣ омӯзонидани ҷавонон ба фарқ кардани иттилооти дуруст аз нодуруст аст. Дар шароити имрӯза, ки фазои иттилоотӣ пур аз андешаҳои гуногун аст, худогоҳии миллӣ танҳо дар заминаи тафаккури интиқодӣ пойдор мемонад. Ҷавононе, ки таҳлил мекунад, муқоиса менамояд ва хулоса мебарорад, камтар зери таъсири ғояҳои бегона қарор мегирад.
  • Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун мактаби худшиносиву камолоти шаҳрвандӣ. Яке аз мушкилоти ҷиддии имрӯза дар миёни ҷавонон муносибати сард ва ҳатто радкунандаи онҳо нисбат ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Ин ҳолат бештар на аз надоштани ҳисси ватандӯстӣ, балки аз набудани фаҳмиши равшан, шаффоф ва муосир дар бораи арзиш ва имкониятҳои хизмат сарчашма мегирад. Ба андешаи мо роҳи муассири ҳалли ин мушкил дар тағйир додани модели муаррифии хизмат аст. Хизмат кардан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бояд на танҳо ҳамчун уҳдадории маҷбурӣ, балки ҳамчун марҳалаи рушди шахсӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ пешниҳод гардад. Дар шароити муосир мумкин аст механизмҳое роҳандозӣ шаванд, ки ҷавонон пеш аз даъват ба хизмат тавассути платформаҳои рақамӣ, наворҳои воқеӣ, мусоҳиба бо хизматчиёни фаъол ва лоиҳаҳои интерактивӣ бо ҳаёти ҳаррӯзаи сарбоз ошно шаванд.

Илова бар ин, пайваст кардани хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо имкониятҳои минбаъдаи иҷтимоӣ метавонад муносибати ҷавононро ба куллӣ тағйир диҳад. Ҷавононе, ки мебинанд хизмат ба онҳо на танҳо вазифа, балки имконият медиҳад, онро ҳамчун саҳм дар худшиносиву худогоҳии миллӣ қабул мекунад. Муҳимтар аз ҳама, дар фазои иттилоотӣ бояд тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ образи мусбӣ ва муосири сарбоз шакл гирифтааст, пайваста тарғиб карда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба яке аз василаҳои муассири тарбияи сиёсӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ табдил меёбад.

  • Иҷрои амалҳои созандагиву ободкорӣ муҳим аст, аммо кофӣ нест. Пеш аз ҳама, бояд тафаккури созандагиву бунёдкорӣ, яъне андешаи масъулият, эҷодкорӣ ва фаҳмиши манфиати миллӣ дар шуури ҷавонон ҷойгир карда шавад. Инро метавон тавассути тарбияи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ амалӣ намуд. Дар мактабҳо, марказҳои ҷавонон ва платформаҳои онлайнӣ барои ҷавонон лексияҳо, семинарҳо ва барномаҳои гуногуни омӯзишӣ ташкил карда шаванд, ки дар онҳо моҳияти созандагиву ободкорӣ ва аҳамияти онҳо барои давлат ва ҷомеа фаҳмонда шаванд. Дар натиҷа, пеш аз оғози лоиҳаҳои созандагӣ, ҷавонон муҳокима мекунанд, ки чаро лоиҳаи мазкур муҳим аст ва чӣ гуна ба рушди ҷомеа ва манфиати миллӣ хизмат мекунад. Яъне, ҷавонон тафаккури созандагиву бунёдкориро ҳамчун тарзи фикр ва амал дар худ ҷой медиҳанд. Фаҳмиш ва ҳисси манфиати миллӣ, масъулият ва эътимод ба қудрати онҳо тақвият меёбад. Ҷавонон на танҳо амал мекунанд, балки дарк мекунанд, ки ҳар иқдоми хурд метавонад ба тағйироти воқеӣ ва устувории ҷомеа оварда расонад.
  • Тарбияи сиёсии ҷавонон имрӯз интихоби ихтиёрӣ нест, балки зарурати таърихист. Бе он худшиносиву худогоҳии миллӣ заиф мегардад ва бе худогоҳӣ ояндаи устувор тасаввурнопазир аст. Агар мо хоҳем, ки ҷавонон соҳиби тафаккури миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихор аз давлат бошанд, бояд тарбияи сиёсиро бо усулҳои муосир, воқеъбинона ва таъсирбахш ба роҳ монем.

Хулоса, бо дарназардошти воқеияти имрӯз, тарбияи сиёсии ҷавонон ба сифати масъалаи муҳим шинохта мешавад. Ҷавонони муосир дар фазои рақамӣ зиндагӣ мекунанд, онҳо қобилияти хуби қабули маълумотҳоро доранд, интихобашон мустақил ва муносибаташон интиқодист. Дар чунин шароит тарбияи сиёсии ҷавонон бояд ба ҳаёти воқеии онҳо бо телефон, шабакаи иҷтимоӣ, муҳити эҷодӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаашон ворид гардад. Танҳо дар ин сурат худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳамчун арзиши зинда ва эҳсосшаванда ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, усулҳои тарбиявӣ низ бояд ба ҳамин муҳит мутобиқ бошанд. Ба андешаи мо, эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли «Вусъат додани корҳои созандагиву ободкорӣ ва тақвияти таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» оғози чунин равиши нав мегардад. Ин сол метавонад оғози як марҳалаи нави худшиносии миллӣ гардад. Ҳамчунин марҳалае мебошад, ки дар он ҷавонон худро на танҳо фарзанди ин миллат, балки созандагони ояндаи давлат эҳсос мекунад, агар мо ба онҳо на ҳамчун шунаванда ва бинанда, балки шарики фаъоли давлат ва ҷомеа назар кунем.

Мирзокомил Комилов,

сиёсатшинос, ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ

You might also like