Бо ҳиҷобу риё даъвои мусалмонӣ мекунанд!
Аҳли ҷомеаи мо дар тӯли беш аз 28 соли Истиқлолият бо дарки хештаншиносӣ ва огоҳии сиёсӣ чандин бор бо чунин бархурдҳо дучор шудаву пайомадҳои ин гуна дасисакориҳоро хуб медонад. Бинобар ин, сиёсати хирадмандонаву талошҳои ватанпарастона ва саъю кӯшишҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллатро сидқан ҷонибдорӣ намуда, ҳаргиз ба ифротгароён имкон намедиҳад, ки вазъи сиёсиву иҷтимоиро дар кишвар муташанниҷ кунанд, чунки амну суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти кишвару якпорчагии Ватани азиз аз волотарин арзишҳои ҷомеа ва муқаддасоти давлатии мост!
Афсӯс, ки бархе бо ҳиҷоби риё лиқои воқеии хешро пӯшидаанд ва бо фазлфурӯшиву шиорҳои фиребо ва лофи ватандориву газофи раиятпарварӣ даъвои иршоду роҳнамоии ҷомеаро мекунанд, вале дар асл мардумро гумроҳ карда, ҳамчун василаи расидан ба аҳдофи худ мавриди корбурд қарор медиҳанд. Имрӯз аз умқи дили ҳар як фарду марди огоҳи кишвар, ки аз тавтеаҳои манфиатҷӯёнаи Ҳизби Назҳати Ислом воқиф мешаванд, дар хитоб ба роҳбарияти ин ҳизб Кабирии дасисабоз садое баланд мегардад, ки аз баҳри Худо ва ба ҳурмати муқаддасоту ҳар пора хоки Ватан, ки дар канораш ба воя расидаед ва ба хотири миллати дар тӯли таърих ҷафокашидаи хеш, ки соҳиби давлати миллӣ шудааст, агар воқеан ҳам ҳадафи шумо амну субот, ҳифзи манофеи миллӣ, пойдории давлат, таҳкими истиқлолияти сиёсии миллат ва саодатмандии ҳамватанон аст, пас даст аз ихтилофангезӣ боздоред ва қадам дар ҷодаи инсоф бигзоред.
Ҳадафи ниҳоии гурӯҳҳои сиёсӣ набояд фақат ба даст овардани қудрати сиёсӣ бошад. Муборизаҳои сирф қудратталабонаи аҳзобу ашхоси сиёсӣ бе назардошти эҳтиром ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ хатарзо буда, ҷомеаро ба сӯи фоҷеа мебарад, зеро ин гуна аҳзобу афроди сиёсӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ омодаи истифодаи ҳама гуна васила ва нерӯ мебошанд. Дар ҳолати мувоҷеҳ шудан ба нокомиву нобарорӣ онҳо метавонанд бисёр осон бозичаи дасти нерӯҳои манфиатталаби бегона шуда, вазъи ақидативу иҷтимоӣ ва сиёсии кишварро муташанниҷ созанд.
Эй хоинони миллат, ки ҳадиси ватандории шумо лоф асту даъвои миллатдӯстии шумо газоф, лек дар хотир дошта бошед, ки мардуми тоҷик баъд аз таҳаммули бори сангин ва нангини ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси хисороти азими иқтисодиву талафоти зиёди ҷонии шаҳрвандони маъсуму бегуноҳ гардид ва садҳо ҳазор ятимону бепарасторони хонабардӯшро дар чорсӯи тақдир бесарпаноҳ вогузошт, дигарбора ба даъватҳои ҷангҷӯёнаи шумо рӯ ба сӯи хиёбонҳо нахоҳанд кард.
Тавре маълум аст, ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифрогароён мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонда, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба аҳли ҷомеа таҳмил намоянд. Шахси ифротгаро гирифтори таваҳҳум (иллюзия) мешавад, гӯё фақат фаҳмишу амали ӯ дуруст буда, ҷомеа ҳама “фосиқ”, мақомот ҳама “фасод”, уламо ҳама “бидъаткор”, дигарандешон ҳама “кофир”, мағозаю ошхонаҳо ҳама “ҳаром”, бонкҳо ҳама “рибохӯр”, расонаҳо ҳама “дурӯғ” мебошанд. Аз ҷомеа ҷудо ва ба низоми равонӣ гирифтор мешавад. Тайёр аст, ки нисбат ба ҷомеа ва инсонҳо ҳама гуна таҳқиру нафрат ва бераҳмию зӯровариро раво бинад. Шахси ифротгарои динӣ барои ҷомеа ва инсонҳо ба як хатари ҷиддии нуҳуфта табдил меёбад.
Осимова З.О. – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ