Таъкидҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон ҷиҳати омўзиши забонҳои хориҷӣ ва посдории ашъори ниёгон
Дар мавриди омўхтани забонҳои хориҷӣ, Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ба таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд диққати ҷиддӣ дода шавад, сифати таълими забонҳои хориҷӣ беҳтар карда шавад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки алҳол бо беш аз 180 давлати ҷаҳон робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро ба роҳ мондааст, самаранокии ин муносибатҳову ҳамкориҳо аз бисёр ҷиҳат ба саводнокиву забондонии мутахассисон рабт дорад.
Сарвари давлатамон дар Паёми навбатиашон бори дигар дастгирии соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омўзгорро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки аҳли илму маориф дар рушди нерўи инсонӣ саҳми бузург дошта, аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрўза ба шумор мераванд. Ғамхорӣ нисбат ба насли ҷавон, мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтани мушкилоти ҷавонон, ки шумораи бештари аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, яке аз афзалиятҳои асосӣ дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Дар робита ба ин, Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ санаи 16.12.2025 чунин баён доштанд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандўсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Дар марҳилаи имрўзаи таърихие, ки тарбия ва ба камол расонидану матобиқи тақозои давр тайёр кардани мутахассисони шоиста аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муқаррар гардидааст, тарғиби ғояҳои осори нобиғагони илму адаби миллат бояд дар меҳвари фаъолияти макотиби олӣ қарор гирад. Миллати тоҷик аз қадим ба таълиму тарбия, илму фарҳанг аҳаммияти аввалиндараҷа медод ва олимону адибони бузургу нотакрорро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст, ки онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ нақши бориз доранд. Ин нуқтаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле возеҳу бамаврид баён карда буданд: «Кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонагӣ, Закариёи Розӣ, Абўнасри Форобӣ, Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Абўрайҳони Берунӣ, Абўалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд».
Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 28.12.2024 баргузор гашта буд, вобаста ба вазъи хеле ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ибрози андеша намуда, қайд карда буданд, ки рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоисаи шаҳрвандони мамлакат дар шароити ҷаҳонишавӣ воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат мебошанд.
Ҳамагон шоҳиди равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ, афзудани хатарҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва экологӣ ҳастем. Ҳамаи ин ҳолатҳо моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таълиму тарбия, аз ҷумла тарбияи сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон эътибори бештар диҳем, онҳоро аз зарурат ва аҳамияти донишомўзӣ, аз худ намудани техника ва технологияи муосир, бохабар гаштан аз тамаддун ва фарҳангу маданияти нотакрори аҷдодони миллат огоҳ кунем.
Бояд шукргузорӣ аз он кунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва дар он сулҳу субот ҳукмфармост, барои кору таҳсил ва истироҳат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Аз ин рў, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият қарзи шаҳрвандии мост, озодию амнияти кишварро, ваҳдатро бояд чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳтиёт намоем.
Адабиёт:
- Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» –28.12.2024
- Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – 16.12.2025
Ишанкулова Дилбар Ғафуровна – дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ