Паймони роҳзанон
Тайи чанд вақт аст, ки яке аз ба ном роҳбари “Паймони миллии Тоҷикистон” дар хориҷи кишвар даст ба нобакориву иғвоандозӣ зада мехоҳад вазъи ором ва осудаи кишвари маҳбубамонро ноором созад. Охирин сўҳбати рўбарўе, ки ин нохалаф ба сомонаҳои интернетӣ пахш меанмояд шаҳодати он аст, ки ба ғайр аз иғво ў дигар ягон мақсадеро надорад.
Бубинед, чи гуфтаҳои номардона, гўё ў мусичаи бегуноҳест, ки ба ягон терроризму экстремизм дахолат надорад ва карданӣ ҳам нест? Магар ин ҳодисаҳое, ки тўли чанд соли охир дар ҳудуди кишвар соз заданд мисол шуда наметавонад? Ҳақ бар ҷониби он нафароне, ки гуфтаанд:
“Вакте ки Мухиддин Кабириро гуш мекунӣ, хоби одам мегирад ва ягон харфи наве дар хотири бинанда ва шунаванда намемонад. Хуб нест, ки бехтараш хомуш бошад?”. Илова менамоем, ки бетаҳаммулии ў, баланд – баланд ва бесаводона ҳарф задани ў аз бемаърифатии ин нохалаф дарак медиҳад ва андеша дорем, ки ў ва ҳаммаслакониаш ҳатто аз наздикии кўчаи дин ва диндорӣ нагузаштаанд. Пас бо кадом асос ҳамаи онҳо даъвои Ватану давлат доранд кас намедонад? Онҳо, ки сабабгорӣ асосии муноқишаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон буданд умеди баргаштанро ҳатто андеша ҳам набояд кунанд. Чунки онҳо хоин Ватан буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд.
Рафтори маккоронаю иғвоангезонаи Муҳиддин Кабирӣ барои ў одат шудааст, вале чун ҳамешагӣ монанди буғи об дар ҳаво нопадид хоҳад шуд. Инҳо мисли ҳамешагӣ исбот кардан мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя карда намешавад. Мехоҳанд бо ин роҳ аъзои ҳизби наҳзатро, ки бархе аз онҳо барои кирдори характери террористӣ дошта ва қисме барои иғвогарию тафриқаангезӣ зиндонӣ шудаанд, озод намоянд. Мухиддин Кабирӣ дар ин рўзҳо бекас мондааст ва танҳо бо ҳамон хамон се – чор нафари шармандаву русиёхе, ки номхояшонро намехоҳем ба забон биёрем аз хориҷи кишвар даъвои Ватану ватандорӣ доранд.
Солиев И. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати
прокурории ДДҲБСТ