Паёми Сарвари давлат – дастури бебаҳои миллат
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабри 2025 ироа гардид, барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури бебаҳои миллат мебошад ва мо онро бояд дар ҳаёт татбиқ намоем.
Халқи ватандӯсту сулҳҷӯи мо зери парчами ваҳдату ягонагии миллат байни ҳам омада, Ваҳдати миллиро чун рамзи асосии пешрафти ҷомеа мепазирад ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши қиматбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаем.
Имрӯз Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар ба тарбияи насли нав, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ваҳдатгароии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд, зеро маҳз ҷавонон ояндасозони миллатанд. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ имрӯз мояи ифтихор ва сармояи маънавии тоҷикон аст. Ин ду неъмати бебаҳо моро водор месозанд, ки ҳамеша дар ҳифзи онҳо бошем, қадрашонро донем ва наслҳои ояндаро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.
Мо омӯзгорон ва фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, бояд бо тамоми ҳастӣ талош кунем, то сулҳу суботи ба дастомадаро нигаҳ дорем, ваҳдати миллиро таҳким бахшем ва дар рушду шукуфоии Ватан саҳмгузор бошем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».
Дарвоқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонад ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.
Мо бояд сулҳу ваҳдатро дар шуур ва қалби наслҳои оянда бо як меҳру муҳаббат парвариш намоем, то ин ки онҳо низ дар рушду нумуи кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи хешро содиқона гузоранд. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ, биноҳои баландошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари азизамон мебошад. Амали хирадмандонаи сокинони ин кишвари биҳиштосо самараи некро ба бор овардааст.
Вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашмамон эҳтиёт намоем, зеро сарвати беҳтарин ин ваҳдат ва ягонагӣ мебошад. Имрӯзҳо шукр аз он мекунем, ки дар давлати биҳиштосои мо Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Парчами сулҳу субот, парафшон аст. Моро зарур аст, ки бо нигоҳи тоза ва дили пок ба оянда нигарем ва дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд.
Дадобоева Р.С.-муаллими калони кафедраи забони русии ДДҲБСТ