ДДҲБСТ: Ташкили Маркази рушди касбияти кафедра дар назди ҶДММ “Инноватсияи ояндасоз”
Ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ омода намудани омӯзгорон ва ба ин васила пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа хеле муҳим ва саривақтӣ буда, дар баланд бардоштани таҷрибаомузӣ нақши омӯзгорон хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Марҳила ба марҳила сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки онҳо донишҳои андӯхтаашонро дар амалия татбиқ намуда, соҳибтаҷриба гарданд ва фаъолияташро дар корхонаҳои истеҳсолӣ идома диҳанд.
15 январи соли 2026 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти алоқамандии илм бо истеҳсолот, иҷрои бандҳои Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар амал татбиқ намудани қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ бобати ташкили филиали кафедраҳо дар истеҳсолот, кафедраи технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт Маркази рушди касбияти кафедраро дар назди ҶДММ “Инноватсияи ояндасоз” ташкил намуд. Боиси қайд аст, ки ҶДММ “Инноватсияи ояндасоз” фаъолияти густурда дошта, дар самти таҳияи таъминоти барномавӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ва рақамикунонии соҳаҳо нақши муассир дорад.
Ташкили Маркази рушди касбияти кафедра имконият медиҳад, ки донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии худро дар ташкилоти мазкур гузаронанд. Ҳамчунин ширкат омода аст, ки бобати ташкили экскурсияҳои таълимӣ, қабули донишҷӯёни фаъол ҳамчун корманд-коромӯз, ташкили семинарҳо ва мизҳои мудаввар, татбиқи лоиҳаҳо ва стартапҳо дар самти IT ва ғайраҳо ҳамкориро вусъат бахшад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

