Паёми Президент- роҳнамо барои ояндаи дурахшон

Чун анъана ҳар сол моҳи декабр Паёми навбатиро аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу шавқ, шахсан камина бо ҷону дил шунидем.

Дар ҷараёни шунидани Паём Раёсати Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Намояндагони Парламенти кишвар, аъзоёни Ҳукумати Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроия, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва тамоми роҳбарони ваколатдори назди Президент, мақомотҳо, муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар роҳбарони қишри ҷомеа  иштирок доштанд.

Дар оғози Паём, Пешвои миллат доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон, шартномаи таърихи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, маҳз дар иди Наврӯз, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз руйдодҳои муҳими соли 2025 номида шуд.

Хушбахтона, мо ҳар сол мунтазам ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем. Сарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон боз як соли таърихӣ номиданд, чунки якчанд ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12 декабр оид ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”, “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ва қабул гардид.

Сарвари давлат дар ҳама самт – ҳам ба сиёсати дохилӣ, ҳам ба сиёсати берунӣ диққати махсус дода, натиҷагирӣ намуданд ва ҳамчунин ба солҳои оянда нақшаҳои ҷолиб, аз ҷумла корҳои саноатӣ, рушди энергетика, маориф, тандурустӣ, варзиш, ҳамкорӣ ва равнақи муносибати дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва вазифаҳои минбаъдаи мушаххасро таъкид намуданд.

Имрӯзҳо давлати моро ҷаҳониён ҳамчун кишвари ташаббускор мешиносанд. Дар ҳама ҷода мамлакати мо хеле фаъол буда, дар қатори кишварҳои пешрафта барои ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла баҳри Арал, терроризми байналхалқӣ, экология, иқлим ва ғайраҳо кӯшишу ғайрат менамояд. Ин пеш аз ҳама аз сулҳу суботи кишвар, ҳамбастагӣ, ваҳдат ва устувор будани мамлакатро далолату шаҳодат медиҳад. Хушбахтона, дар Паём ироа гардид, ки аз моҳи сентябри соли 2027 камбудии барқ дар кишвар аз байн меравад.

Ҳамчунин Пешвои миллат дар Паём оид ба иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ суханронӣ намуда,  дастовардҳо дар ҳама самтҳо самаранок истифода гардида, барои табдил додан ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ вазифагузорӣ намуданд.

Ғайр аз ин Президенти мо, барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд ва Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд. Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар сохтмонҳо, бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва корҳои ободонӣ сидқан миннатпазирии хешро изҳор намуданд. Аз ҷониби Сарвари давлат боз як дастури муҳим доир ба бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бо дарназардошти таърихи куҳанбунёд ва ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннатҳо ва анъанаҳои башардӯстонаи Наврӯз, моҳияту таърих ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслу навраси оянда, бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврӯз чораҳо андешанд. Зимни суханронӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳисоб меравад ва барои татбиқи он оянда низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Инчунин таъкид карда шуд, ки соли нави 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.  Аз ин лиҳоз мо бояд барои истиқбол ва ҷашн гирифтани ин санаи таъриҳӣ ҳамаҷониба омода бошем, аз ҷумла аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда 26 ҳазори онҳо иҷро шуда  ба истифода дода шудаанд, беш аз 70 фоизи он аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад ва Сарвари давлат гуфтанд, ки то ҷашни 35 – солагии истиқлоли давлатӣ – муқаддаси миллӣ шумораи онҳо ҳатто аз 30 ҳазор мегузарад.

Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки соли 2026 – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни 35 – солагии истиқлоли давлатӣ эълон карда шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо ваҳдат ва иродаи қавӣ минбаъда низ барои равнақ ва пешрафти Тоҷикистони Ватани азизамон кӯшишу заҳмат кашида, барои ҷашни муқаддаси миллӣ омода мебошанд.

Расулзода Райҳона Расул – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

 

You might also like