ПАЁМ ВА МАСЪАЛАҲОИ ИЛМУ МАОРИФ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, ба сифати ҳуҷҷати барномавӣ ва дурнамои рушди мамлакат таҳлилҳои илмӣ, дастовардҳо ва бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар тӯли Истиқлоли давлатӣ ва дастуру супоришҳои мушаххас дар солҳои минбаъдаро дарбар мегирад.
Дар Паём Сарвари давлат доир ба вазъи ҷаҳони муосир, рушди иқтисоди миллӣ, ташаккули буҷаи давлатӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, касбомӯзӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши насли наврас, таъмини зиндагии шоистаи мардум, рушди сайёҳӣ, инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ, монанди маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сол аз сол зиёд гардидани маошу нафақа, беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон, такмили санадҳои қонунгузорӣ, пешгирии терроризму экстремизм, робитаҳои хориҷии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Соҳаи маориф дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҳамчун соҳаи афзалиятнок боқӣ мемонад. Доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот Пешвои миллат аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад». Ба андешаи Сарвари давлат имрӯз дар соҳаи маориф ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат тасдиқ карда шудааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, татбиқи ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олӣ сохта ба истифода дода шудааст. Пешвои миллат доир ба бунёд намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба мақомоти масъул супориш доданд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар бояд ин масъала ҳалли худро ёбад.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Ба мақсади таъмин намудани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, инчунин, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад. Тибқи таҳлилҳо 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад.
Бинобар ин, бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим чораҷӯйӣ намоянд. Ба ин мақсад, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.
Соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид.
Ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш дода мешавад, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат кайд карданд, ки аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.
Сапвари давлат, кайд карда гуфтаанд, ки “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Дар робита ба масъалаҳои илму маориф Сарвари давлат иброз намуданд, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мебошад.
Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.
Аз ин лиҳоз Сарвари давлат, ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват намуданд ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд.
Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш дода шуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Рушди маориф бо пешрафти илм пайванди ногусастанӣ дорад. Пешрафти кишвар бе рушди илму маориф, таъмини мутахассиси ихтироъкору навовар, барномасоз, пешниҳоди идеяву татбиқи лоиҳаҳои муосир, сатҳу сифати баланди таълиму тарбияи кадрҳо, донистани забонҳои хориҷӣ имконнопазир аст.
Дастуру супоришҳои Сарвари давлат масъулини соҳаҳои илму маорифро водор месозад, ки ба сатҳу сифати омӯзонидани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги ниёгонамон ба наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Солихоҷаева С.А. – н. и. т., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ