ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАМЧУН САНАДИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА
«Тамоми ҳастии худамро барои мардумам, барои ҳамин сарзамин, барои ҳамин Ватани аҷдодӣ, барои хушбахтии ҳамин мардум, барои ободиву пешрафти мардум, боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ бардоштани давлати тоҷикон, бахшидаам”
Эмомалӣ Раҳмон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид.
Паёми Президенти мамлакат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро баррасӣ ва таҳлил менамояд, самти таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати он яке аз ҷабҳаҳои Паёми ҳамасолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳар миллат барои пешрафти мардуму давлаташ ба шахсиятҳои боэътимод ниёз дорад, ки онҳо барои ояндаи миллатҳо нақши боризу калидӣ мебозанд, Хушбахтона, Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсиятро дорост. Воқеан ҳам дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии халқи кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, фишанги доимоамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амали шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрузу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳезӣ ва пешниҳод намудааст.
Паёми Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон дар заминаи ғояҳои пурмазмун асос ёфта, кисми чудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, чомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат тамоми масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таассуроти беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паём карор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Яке аз хусусиятхои хос ва фарқкунандаи Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат дар он аст, ки дар вазъияти фавқуллодаи ба амаломада ҷомеаро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва коршиносӣ даъват ва роҳнамоӣ менамояд. Дар ҳамин асос ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ қайд карда шуд, ки «Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.
Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд.
Имрӯз онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд.
Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Ҳамчунин бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ќайд карда шуд, ки «Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд»
Ҳамчунин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар 34 соли сипаришуда рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад.
Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!
Абдувоҳидов М.Р. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ