Решаҳои ноаёни ифротгароӣ
Имрўзҳо тамоми ҷомеаи муосирро решаҳои ноаёни гуруҳҳои ифротгароӣ фаро гирифтааст, ки ба он экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо дохил мешавад. Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурўҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда дучор шудаанд. Гурӯҳҳои ифротгаро бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, хисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои мурими ҷомеаи мо дониста мешавад.
Дар замони муосир, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифати нави инкишофу пешрафт қадам гузоштааст, роҳи барпо намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, зарурати тарғибу ташвиқи тарзи солими ҳамзистӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангию ва ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон ба миён омадааст.
Зиёиёни ҷомеаи моро лозимаст, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, хештаншиносӣ, меҳнатдўстӣ, илмомўзӣ ва инсондўстӣ ташвиқ намуда, онҳоро аз таълимоти ислом, ки дар он одамкушиву ҷинояту гумроҳӣ зикр нашудааст, бохабар намоем ва бо кишварҳои манфиатхоҳ ошно созем.
Изҳороти устодони кафедраи
аудит ва ревизияи ДДҲБСТ