Нуктаҳои муҳимми Паёми Сарвари давлат таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар партави Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ва адабиёти навворидшуда барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ дар факултетҳои донишгоҳ
Оғоз аз санаи 06 январи соли 2026 тибқи нақшаи ҳафтаинаи китобхонаи илмӣ дар факултетҳои донишгоҳ барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ нуктаҳои муҳимми Паёми навбатии Сарвари давлат таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар партави Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, бахшида ба эълон гардидани Соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ”, муаррифии асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин муаррифии адабиёти тозанашр доир ба ихтисоси донишҷӯён аз ҷониби кормандони китобхонаи илмӣ баргузор гардида истодааст.
Зимни муаррифӣ мутахассиси китобхонаи илмӣ Умарова У.Х. дар ҳузури донишҷӯён гуфт, ки тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ буда, дар навбати худ давлатдории миллӣ ба тарбия ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстии ҳар як сокини давлат, бахусус ҷавонон мусоидат менамояд. Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ дучандменамояд.
Таблиғи бедории миллӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллиро Сарвари давлат вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат меҳисобанд.
Худоогоҳиву худшиносии миллӣ ҷавононро водор месозад, ки ба қадри Модар–Ватан, муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, озодӣ, соҳибистиқлолӣ, инчунин, ба арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳанги куҳани халқи худ расанд ва барои гузоштани мероси арзанда ба наслҳои оянда кӯшиш намоянд.
Дар ҳақиқат, замони бархурди тамаддунҳо, манфиатҳои миллию байнидавлатӣ, замони ҷаҳонишавӣ ва ҷангу ҷидолҳои давлатҳои ба мо дуру наздик, зарурияти ҳарчи бештари таблиғи ҳисси ватандӯстиро муайян менамояд.
Ҳамчунин дар намоиш китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимӣ–методӣ, дастурҳо вобаста ба тахассус, ки аз ҷониби устодону омӯзгорони донишгоҳ интишор гардидаанд, аз ҷониби китобдорон муаррифӣ карда шуд.
Мақсад аз баргузор намудани муаррифии китобҳои тозанашр ин ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ ба китобхона ва мутолиаи адабиёт, иштироки онҳо дар ҷараёни дарсҳо бо маводи таълимӣ ва қонеъ кардани талаботи онҳо мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


















