Ифтитоҳи филиали кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ дар назди Минтақаи озоди иқтисодии «СУҒД»

Бо мақсади таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва татбиқи самараноки таҳсилоти дуалӣ, филиали кафедраи иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар назди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъсис дода шуд.
Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, амалӣ гардид. Маросими ифтитоҳи намояндагии кафедра 5 январи соли 2026 бо ташаббуси мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдуллоева А.Т. ва аъзои кафедра, бо иштироки мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳ Сатторова М.А. баргузор гардид.
Роҳбари МОИ «Суғд» Муҳаммадзода Муҳаммад Султон зимни суханронии худ таъкид намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» тайи солҳои зиёд ба роҳ монда шуда, таъсиси филиали кафедраи тахассусӣ марҳалаи нави рушди ин ҳамкориҳо ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар МОИ «Суғд» 48 корхонаи саноатию истеҳсолӣ фаъолият дошта, аз ҷумла 6 корхона бо сармоягузории кишварҳои хориҷӣ — Хитой, Туркия, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо таъсис ёфтаанд.
Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Сатторова М.А. зимни баромади худ аҳамияти ташкили филиалҳои кафедраҳои тахассусиро дар заминаи истеҳсолот шарҳ дода, аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат вобаста ба таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва рушди таҳсилоти дуалӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки таҳсилоти дуалӣ шакли муосири омӯзиш буда, ҳамгироии таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо ва муассисаҳои истеҳсолиро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ дотсент Абдуллоева А.Т. зикр намуд, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар шароити кунунӣ танҳо донишҳои назариявӣ барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир кофӣ нест. Таҳсилоти дуалӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар муҳити воқеии истеҳсолӣ татбиқ намуда, малака ва салоҳиятҳои касбии худро такмил диҳанд. Пайвастани илм бо истеҳсолот ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини шуғли устувор ва рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ гардид.
Бо ифтитоҳи филиали кафедраи мазкур имконият фароҳам мегардад, ки донишҷӯён ҳамчун мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат тарбия ёбанд

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like