Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ояндаи мамлакат!
Имсол дар фазои осудаҳолӣ ва субот Паёми Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Мачлиси Олии кишвар ироа гардид.
Паёми Сарвари давлатро, ки раҳнамои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад, тамоми кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо карданд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Паёми Пешвои миллатро аҳли кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар маҷлисгоҳҳо донишгоҳ, маҷлисгоҳҳои факултетҳо, маркази тестии донишгоҳ, синфхонаҳои алоҳида ва хобгоҳу литсейи донишгоҳ бо ихлосу хоҳиши баланд ва таваҷҷӯҳи хоса тамошо намуданд. Сарвари давлат , Пешвои миллат зимни ироаи паём қайд намуданд, ки Соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.
Зимни тамошои дастаҷамъона устодону донишҷӯёни донишгоҳ изҳор намуданд, ки Паём ин раҳнамоест, ки бояд ҳар нафар онро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳад. Устодону донишҷӯён афзуданд, ки Паёми Пешвои миллат минбаъд аз ҷониби мо ба таври зарурӣ омӯхта шуда, дар амалинамоии дастуру супоришҳои таъкидгардида, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.



















