Паём – ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва роҳнамо

Тавре ки маълум аст, 16 -уми декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки  моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Ҳамзамон,  дар Паёми навбатӣ қайд гардид, ки дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат –  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон – бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.  Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷумҳурии  Қирғизистон              ва   Ҷумҳурии  Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарварони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.

Бояд хотирнишон сохт, ки 3 – юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва  оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд ва пешниҳод кардан, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатӣ қайд гардид, соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эхёгари таърихи беш аз шашҳазорсолаи таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбанд. Аз ин хотир, дар Паёми навбатӣ ҳам, дар бораи бузургдошти таърихи куҳани миллати тоҷик ироа намуданд. Қайд карда шуд, ки “бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад. Мо ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру навсозӣ кардем. Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад”.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону наврасон, аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.

Доир ба ҳифз ва бузургдошти ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки “мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Вале бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар кишвар қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест”.

Аз ин лиҳоз, ба масъулони соҳа вазифагузорӣ карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни “Соҳаи бостоншиносӣ” – ро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар ин зимн, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории меросӣ ба  Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки аз ҷойгоҳи хосаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ дарак медиҳад. Аз ҷумла:

  • Мероси фарҳангии Хуттали Қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон);
  • эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣбарои сӯзанидӯзӣ»;
  • аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣдар солҳои 2026 –

Ҳамзамон, зикр гардид, ки танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.

Ҳангоми суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодҳоро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон карданд. Аз ҷумла, ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврӯз чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва роҳнамо маҳсуб ёфта, ҳар фарди худшиносу худогоҳи мамлакатро водор менамояд, ки ҷиҳати муайян намудани фардои дурахшони Ватани азизамон дар соҳаҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши созгор  гузошта бошанд.

 

Ҳамидова М.М.- н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like