Баррасии рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои тақвият бахшидани рушди муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ барномаҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаанд. Чи тавре, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дарбар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд».
Сарвари давлат ҳангоми ироаи Паём изҳор намуданд, ки дар натиҷаи амалишавии ҳадафҳои мазкур ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Ҳамзамон, қайд намуданд, ки барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоб рафта дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.
Дигар нишондиҳанда, ки ҳамвора рушди муносибатҳои иқтисодиро дар мамлакат бозгӯй менамояд, тадриҷан коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Дар ҷараёни ироаи Паём қайд карда шуд, ки сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфтааст.
Афзоиши даромади пулии аҳолӣ назаррас буда аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар зиёд шудааст.
Албатта маҳаки асосии рушди нишондиҳандаҳои муносибатҳои иҷтимоию иқтисодиро амалишавии бандҳои дар стратегияҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат қайд гардида ташкил медиҳанд. Аз ҳамин лиҳоз қайд гардид, ки соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
Аз пешгӯиҳо маълум аст, ки амалишавии саривақтӣ ва сифатноки он имконият медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.
Дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ки дар шароити кунунӣ муҳаррики пуриқтидор ва такондиҳандаи муносибатҳои иқтисодӣ мебошад, қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад».
Аз ҳама муҳим ҷиҳати рушди бемайлони ислоҳоти иқтисодӣ ва амалишавии равандҳо ҳадафҳои мушаххас пеш гузошта шуд. «Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад».
Воқеан рушди муносибатҳои иқтисодиро бидуни иқтидорҳои кадрии баландихтисос, яъне бо донишҳои замонавӣ муҷаҳҳаз, малакаи кор бо технологияи навин, забондонӣ ва дарки ҳолат тавсеа бахшидан ғайримикон аст. Иқтисоди имрӯзаро иқтисодиёти аз нигоҳи технологӣ зудрушдкунанда ва донишбунёд меноманд. Маҳз иқтидорҳои кадрӣ метавонанд бо донишу фаҳмиши худ суръатбахшии равандҳоро тезонанд ва дар рушди иқтисодиёт саҳми назаррас гузоранд. Бинобар ин, муҳим мешуморем, ки раванди омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ ва олии касбӣ мувофиқи стандартҳои барномаҳои байналмилалии таҳсилот ба роҳ монда шавад. Аз ин рӯ зарурати омӯзиши ҳатмии фанҳои технологияҳои рақамӣ барои ихтисосҳои равияи иқтисодӣ мувофиқи мақсад буда метавонад.
Боиси қайд аст, ки Сарвари давлат ба суръатбахшии низоми фосилавии дастрасӣ ба хизматрасониҳо тариқи алоқаҳои электронӣ бо ёрии имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ва ҳуши маснӯӣ диққати алоҳида доданд, ки ин раванд метавонад барои тамоми ҷомеаи кишвар аҳамияти ҳалкунанда дошта бошад.
Аз таҳлилҳои болозикр маълум аст, ки Ҳукумати мамлакат кӯшишҳои зиёдро ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои стратегӣ дар самти рушди иқтисодиёт, ки асос ва сарчашмаи такомули дигар соҳаҳо ҳисобида мешавад ба харҷ медиҳад.
Барои суръатбахшии ин равандҳо татбиқи саривақтии илм дар истеҳсолот, хусусан истифодаи илмҳои дақиқ ва инноватсияҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ мувофиқи мақсад мебошад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам гувоҳи он аст, ки маҳз дар сурати татбиқи навгониҳои илм дар истеҳсолот метавон ба рушди самараноки муносибатҳои иқтисодӣ ноил гардид. Доир ба ин самт олимон ва муҳаққиқони соҳа бояд ки дар пайи дарёфти усулҳои мушаххаси такондиҳандаи муносибатҳои иқтисодӣ ва равандҳои истеҳсолӣ бошанд.
Дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Президенти маҳбуби кишвар коркунони соҳаҳои гуногунро ба он водор менамояд, ки тамоми кӯшишҳоро баҳри рушди иқтисодиёти мамлакат ба харҷ диҳанд ва дар такмили равандҳои муттасили иқтисодиёти миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Лутфуллоев М. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ