Ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Шуруъ аз соли 2015 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Таронаи донишҷӯй” баргузор карда мешавад. Соли ҷорӣ низ Кумита бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  озмуни мазкурро байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ роҳандозӣ  кард.

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шаҳзода Умарова дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани мақоми дуюм сарфароз шуд. Озмуни ҷумҳуриявии “Таронаи донишҷӯй” бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон ба воситаи суруду мусиқиҳои дилангез, дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, ки маҳорати хуби сарояндагӣ доранд ва ба ин васила омӯзиши осори адибони форсу тоҷик, бедорсозии ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон ва фаъолнокии онҳо дар ҳаёти муосири ҷомеа роҳандозӣ гардидааст.

Ҳамчунин, баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни лаёқатманду соҳибистеъдод Кумита ҳамасола озмун барои дарёфти Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир менамояд. Боиси хушнудист, ки донишҷӯи соли 4-уми факултети молияи ДДҲБСТ Нилуфар Қосимова дар озмуни мазкур иштирок карда соҳиби ғолибият гардид.

Раёсати донишгоҳ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ Шаҳзода Умарова ва Нилуфар Қосимова самимона табрик намуда, барояшон комёбиҳои беназир таманно доранд.

Шуъбаи таҳлил ва  робита бо ҷомеа

 

You might also like