Ҷамъбаст ва натиҷаи озмуни “Омӯзгори сол” дар ДДҲБСТ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим , такмили маҳорату малакаи педагогии омӯзгорон, истифодаи боз ҳам бештари усулҳои муосири таълим, дарёфти омӯзгорони соҳибистеъдод, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо тибқи Низомнома ҳамасола озмуни “Омӯзгори сол” ташкилу баргузор карда мешавад.
Тибқи талаботи Низомнома оид ба ташкил ва баргузор кардани озмуни “Омўзгори сол” даври ҷамъбастӣ имрӯз, санаи 24-уми декабри соли 2019 бо иштироки васеи омӯзгорону кормандон доир гардид.
Дар озмуни мазкур панҷ нафар омӯзгорон аз факултетҳои донишгоҳ байни ҳам рақобат намуданд. Ҳайъати ҳакамон ба иштирокчиёни озмуни “Омӯзгори сол” бо назардошти холи миёнаи дарси конкурсӣ, намоиши маводҳо, худмуаррифӣ, баёни мавзӯи фаннӣ, саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои қонунгузории соҳаи маориф ва илм, сиёсиву иқтисодӣ, техникиву технологӣ ва таърихиву фарҳангӣба ҳар як довталаб дар алоҳидагӣ, саволу ҷавоби муаммовӣ баҳогузорӣ карданд.
Аз рўи натиҷаҳои санҷиши довталабон, сармуаллимаи кафедраи менеҷменти факултети бизнес ва идоракунӣ Шарипова Шифоатхон Муқимовна дар маҷмўъ холи аз ҳама баландро сазовор гардид. Ғолиби озмуни “Омўзгори сол” дар рўзҳои истиқболи Соли нави милодӣ, дар қатори ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Донишҷўи сол-2019” ва “Таронаи донишҷў” бо Шаҳодатнома ва мукофотҳои пулии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

  

You might also like