ПАЁМИ РОҲНАМО БА СЎИ РУШДИ  УСТУВОР

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ самтҳои асосии рушди кишварро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Дар ин Паём масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ  ва хориҷӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, маориф ва амният мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтааст.

Рушди иқтисодӣ ва саноат яке аз самтҳои калидии Паём буда, рушди босуръати иқтисодиёти миллиро такон медиҳад. Пешвои миллат ба масъалаи саноатикунонии  кишвар, истифодаи самараноки захираҳои табии ва  ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ таваҷўҳи махсус зоҳир намуд. Чуноне ки Сарвари давлат қайд намуд, Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад. Дар баробари ин, ҷиҳати таъмин намудани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, тақвияти назорати давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геологияи кишвар чораҳои иловагиро татбиқ намоянд.

Дар Паём соҳаи маориф ҳамчун омили асосии рушди устувор арзёбӣ гардида, барои  боло бардоштани сифати  таҳсилот, такмили донишҳои омўзгорон ва мутобиқ намудани таҳсил ба талаботи замон аз вазифаҳои муҳим дониста шуданд. Пешвои миллат ҷавононро нерўи созандаи давлат номида, ба донишомўзӣ  ва худтакмилдиҳӣ даъват карданд.

Президенти кишвар рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Паём меҳисобанд.

Ҳамчунин, масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва пиронсолон мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифт.  Сиёсати хориҷӣ ва нуфузи байналмилалӣ дар Паёми соли 2025 сиёсати сулҳҷўёнаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид гардид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист ва обу иқлим мавқеи устувор дорад. Соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардид.

Президенти кишвар ба нақши  ҷавонон ҳамчун ояндасози миллату давлат таваҷҷўҳи xocа зоҳир намуда, таъкид карданд, ки аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.

Зеро ҷавонони мо нерўи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд. Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 санади роҳнамоест, ки барои рушди устувори кишвар заминаи мустаҳкам мегузорад. Иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда метавонад Тоҷикистонро ба марҳилаи нави пешрафт расонад ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин намояд.

 Қодирова М.Д. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ 

 

You might also like