ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САҲИФАИ НАВИ РУШДИ АРЗИШҲОИ ҲУҚУҚӢ, ИҚТИСОДӢ ВА МАЪРИФАТӢ  

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, хусусан бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили пайдарпайи он, дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии кишвар як падидаи муҳими давлатӣ — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ташаккул ёфт. Ин санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар тӯли беш аз се даҳсола ҳамчун барномаи мукаммали рушд ва роҳнамои стратегӣ барои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат хизмат намуда, дар он масъалаҳои калидии рушди давлатдорӣ, ҷомеа ва иқтисод мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор мегиранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол 26 маротиба бо Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ муроҷиат намуда, тавассути онҳо афзалиятҳои сиёсати давлатӣ, вазифаҳои мақомоти ҳокимият ва дурнамои рушди кишварро дақиқ муайян кардаанд. Аз нигоҳи омӯзгори донишгоҳ Паём на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки сарчашмаи муҳими илмӣ-таҳлилӣ, дастури методологӣ барои омӯзиши равандҳои муосири давлатдорӣ ва рушди қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар қисмати муқаддимавии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун соли бобарор ва таърихӣ барои мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии мамлакат рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсоз ба амал омадаанд, ки барои рушди устувори давлат заминаи боэътимод фароҳам меоранд.

Яке аз самтҳои меҳварии Паёмҳои Пешвои миллат густариши сиёсати ҳуқуқӣ ва таҳкими арзишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа мебошад. Дар ин росто таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат муайян гардидаанд. Ҳамзамон, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, устувории иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ ҳамчун унсурҳои ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии муосир баррасӣ мешаванд.

Таҷрибаи солҳои истиқлол нишон медиҳад, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар ислоҳоти низоми қонунгузорӣ нақши муассир мебозанд. Қабули қонунҳои нав, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, такмили фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ва татбиқкунандаи ҳуқуқ, инчунин мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳз дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Паём сурат мегиранд.

Меҳвари арзишҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва рақобати солим дар иқтисодиёт аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони истиқлол мебошанд, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат пайваста таъкид мегарданд.

Яке аз дастовардҳои муҳим ва фаромиллии Паёми имсолаи Пешвои миллат эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» мебошад. Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи дахлдорро қабул намуд, ки ин худ далели эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нақши Тоҷикистон дар пешбурди арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Ин ташаббус аҳаммияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи адолат, идоракунии самаранок ва сулҳи пойдор таъкид менамояд. Аз нигоҳи илмӣ ва таълимӣ, эълон гардидани чунин сол имконияти фарохеро барои густариши таълими ҳуқуқӣ, ворид намудани донишҳои ҳуқуқӣ ба барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, занон ва гурӯҳҳои осебпазир фароҳам меорад.

Ҳамзамон, ин иқдом ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба байни давлатҳо, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуда, маърифати ҳуқуқиро ба унсури калидии рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил медиҳад.

Қабули қатъномаи мазкур на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки пирӯзии маънавӣ ва илмии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, эътирофи ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон мебошад.

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 боз як бори дигар собит намуд, ки сиёсати давлатӣ дар кишвар бар пояи арзишҳои ҳуқуқӣ, рушди иқтисодии устувор ва маърифати ҷомеа бунёд ёфтааст. Барои омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯён Паём ҳамчун санади роҳнамо, манбаи омӯзиш ва таҳлил хизмат намуда, дар тарбияи тафаккури ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии насли ҷавон нақши муҳим мебозад.

Очилова Ф.А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДБҲСТ

You might also like