Паёми Пешвои миллат – таҳкимбахши самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар таҷрибаи давлатдории навтарини Тоҷикистон Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат, барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солона, ҳисоботи Сарвари давлат ба тамоми халқи Тоҷикистон тавассути вакилони мардумӣ буда, ин падида дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ муосир ифодакунандаи принсипи муҳими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Аз як тараф Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намояд, аз дигар тараф, дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлил ва баҳогузорӣ маълум месозад.
Ба андешаи муҳаққиқон ва коршиносон нуқтаи архимедӣ, яъне такягоҳии паём баҳогузории фаъолияти ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст.
Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рўзи 16 декабри соли 2025 доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, паёми 26-умин буда, аз бисёр ҷиҳат нисбати паёмҳои қаблӣ фарқ менамояд. Нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар бештари ҳолатҳо бо муқосаи 10 соли охир таҳлил карда шуд.
Аз ҷумла дар самти иқтисод, Пешвои миллат зикр намуданд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар 10 соли охир 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шудааст. Сатҳи камбизоатӣ бошад 19 фоиз коҳиш ёфтааст. Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 ё ба таври дигар 26 фоиз зиёд гардида, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расидааст.
Сарвари мамлакат ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат диққати махсус дода, рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро ҳадафи олии кишвар эътироф намуданд.
Дар Паёми имсола ҳамчунин нисбати самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ диққати махсус равона карда шуд.
Аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ба ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз 1-уми сентябри соли 2026 зиёд намудани музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 20 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, андозаи нафақаи заминавӣ бошад 15 фоиз аз ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбати кормандони соҳаи иҷтимоии мамлакат буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ гувоҳӣ медиҳад.
Тавре ки ба мо маълум аст, ҳанўз аз рўзҳои аввали давлатдорӣ Пешвои миллат ба масъалаи рушди илм, мактаб ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бори дигар дар Паёми имсола таъкид намуданд, ки ман аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрўз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тўли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат номиданд.
Беҳтарин инъикоси далелнокӣ хулосаҳои мантиқӣ ва рақамҳо ҳисобида мешаванд. Дар Паёми имсола ин усул эътимодбахш баён карда шуд. Аз ҷумла барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд аст.
Ҳамчунин зикр намуданд, ки дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонида шудааст.
Нуктаи дигари асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад, равона гардид. Ҷанбаҳои ҳуқуқии паёми имсолаи Пешвои миллат аз мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар басо муҳим арзёбӣ гардид.
Масъалаи дигаре, ки дар Паём қобили таваҷҷуҳ аст, муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд зикр намуд, ки имрўз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Қобили зикр аст, ки рўзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кўҳӣ» қабул карда шуд. Инчунин тавре ки Пешвои миллат зикр намуданд, бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардида, илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин бо иқдоми Тоҷикистон санаи 12-уми декабри соли 2025 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» боиси ифтихори халқи Тоҷикистон гардид.
Дар фарҷоми Паёми имсолаи Пешвои миллат, ки асосан далелу рақамҳои мусбӣ ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакатро ба тавре возеҳ ифода мекард, беихтиёр андешаҳои файласуфи Шуравӣ, Виктор Арсеневич Малинин ба ёдам омад, ки мегўяд: «Дастовардҳо дар «таърих» худ ба худ ба даст намеоянд. Таърих ҳеҷ коре намекунад. Он дар ягон ҷабҳа мубориза намебарад. Маҳз инсон, инсони воқеӣ – ҳамаи корҳоро дар таърих анҷом медиҳад. Таърих ғайр аз фаъолияте, ки инсон дар он мақсади худро амалӣ мекунад, чизи дигаре нест. Инсон ТАЪРИХСОЗ мебошад, ки ба вақту муҳид муҳтаво мебахшад, на таърих инсонсоз аст».
Бешубҳа дар таърихи Тоҷикистон бо кўшиш ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо тавонист дар як муддати кўтоҳ мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян намояд ва саҳифаи нави таърихро бунёд созад.
Дониёров П.Х. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ