Ҳифзи дастовардҳои миллӣ аз хатари паёмадҳои замони муосир дар партави Паёми Пешвои миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки “мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар шароити ноорому бӯҳронии ҷаҳони муосир мебошад”.

Аз ин рў, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки чораҳои  муқовимат зидди ин зуҳуроти хавфнокро бо ҳамоҳангсозии  фаъолияти  сохтору  воҳидҳои  соҳаҳои  гуногун, аз ҷумла соҳаи маориф амалӣ намоянд ва онҳо набояд бо қабули танҳо муроҷиатнома, барнома ва ё таҳияи нақшаҳои зоҳирии ҳамкорӣ  маҳдуд шаванд. Ин гуна чорабиниҳо бояд хусусияти консептуалӣ дошта, бо ҷалби аҳли ҷомеаи кишвар бо назардошти омилҳои  иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ҷиҳати ошкор ва бартараф карда шудани сабабу шароите, ки ба паҳн шудани ин зуҳуроти хавфнок мусоидат мекунанд, таҳия ва амалӣ шаванд. Дар ин раванд, илму маориф нақш ва аҳаммияти хоса доранд.

Сабабҳои афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии гурўҳҳои тундраву ифротгаро, фалаҷ шудани арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон, ҷалби наврасон ва ҷавонон ба сафи гурўҳҳои экстремистиву террористӣ ва ангезаҳои тасаввуроти ғалати онҳо мавзўи  тадқиқоти олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони ватаниву хориҷиро ташкил додаанд. Аз таҳлили амалияи муқовимат бо ҷинояткорӣ ва ҷиҳатҳои назариявии масъалаи номбаршуда, бо назардошти ҷамъбасти пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба кирдорҳои экстремистӣ ва террористӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки сабабу шароити паҳн ё фаъол шудани ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаю адоват ё низои миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи бартарии шаҳрвандон хусусан тариқи ВАО аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мазҳаб, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал равона шудааст, зинаҳои ба ҳам алоқамандро ташкил медиҳанд, ки пайваста ё ҷудо аз ҳамдигар амалӣ шуда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ифрогароӣ ва террористӣ муҳити муносиб фароҳам меоранд.

Бинобар ин, дар раванди омода кардани мутахассисони соҳа  омузиши натиҷаҳои таҳлили назариявӣ ва амалияи мақомоти тафтишию судӣ ва муайян кардани сабабу шароити паҳн шудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, ки барои бартараф кардани омилҳои барангехтани низоъ ва бадбинии иҷтимоӣ рузмарра ва муҳиманд, бояд яке аз мавзуъҳои марказии барномаҳои таълимии соҳаи ҳуқуқшиносӣ муқаррар карда шавад.

Раҳматулоев А.Э. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like