Донишҷӯи ДДҲБСТ ғолиби даври ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2019” гардид
Озмуни “Донишҷӯи сол” ҳамасола байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, фаъолияти онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо роҳандозӣ мегардад.
Озмуни “Донишҷӯи сол-2019” санаҳои 22 – 23 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар он донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии мамлакат иштирок намуданд. Ҳайати комиссияи озмунӣ аз рўи шартҳои зерин: худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ – слайд презентатсияҳо); санҷиши дониши тахассусӣ; дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сатҳи забондонӣ; навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣ – тоҷикӣ) вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон маҳорату малака ва дониши иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд. Бо назардошти ба даст овардани холҳои баландтарин ҳайъати ҳакамон Дилфуза Ҳоҷиеваро ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол – 2019» эълон доштанд.
Раёсат, ҳайати устодону кормандон ва муҳассилини донишгоҳ Дилфуза Ҳоҷиеваро бо ғолибияташ табрик намуда, дар фатҳи қуллаҳои илмиву таҳқиқотӣ бурдбориву комёбиҳои бепоён таманно доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа