Оид ба ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат
16 декабри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Паёми мазкур ҳамчун санади муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ баромад карда, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, стратегияҳои рушди устувор ва вазифаҳои калидиро барои марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ муайян менамояд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Конститутсия яке аз воситаҳои асосии ташаккули сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, механизми иртиботи институтсионалии Сарвари давлатро бо мақомоти қонунгузор, иҷроия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз, он дорои аҳамияти назарраси ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буда, дар низоми идоракунии давлатӣ нақши ҳамоҳангсозро иҷро мекунад.
Таҳлили паёмҳои солҳои истиқлолият нишон медиҳад, ки онҳо ҳамчун санадҳои барномавӣ дар таҳкими сулҳ, барқарорсозии иқтисоди миллӣ, ташаккули ниҳодҳои давлатӣ ва устувории ваҳдати миллӣ таъсири муайянкунанда гузоштаанд. Паёмҳо ҳамчун барномаи фарогири иҷтимоӣ ба рушди соҳаҳои калидии ҷомеа, аз ҷумла маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва масъалаҳои баробарҳуқуқии занҳо равона гардида, барои беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи меъёрӣ ва стратегӣ фароҳам меоранд.
Яке аз нуктаҳои муҳими паёми навбатӣ ба эътирофи байналмилалии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ марбут мебошад. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки бо ибтикори Тоҷикистон 12 декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ»-ро қабул намуд.
Зикр бояд кард, ки пешниҳоди мазкур ҳанӯз 24 сентябри соли 2025 зимни иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд. Дар он суханронӣ таъкид шуд, ки мавҷудияти институтҳои самаранок ва сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ заминаи бунёдии ҷомеаи одилона ва устувор мебошанд. Дар шароити афзоиши нақзи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Тоҷикистон ба зарурати риояи қатъии меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳалли қонунии ихтилофҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, пешниҳоди мазкурро ҳамчун иқдоми саривақтӣ ба миён гузошт.
Қабули ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ далели эътирофи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Президенти кишвар ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар ташаккули рӯзномаи ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии босуръати равандҳои иҷтимоӣ ва афзоиши таҳдидҳо ба низомҳои ҳуқуқӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ба унсури муҳими рушди устувори ҷомеа табдил ёфтааст. Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ аҳаммияти умумибашарии ин масъала ва зарурати ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳоро дар ин самт таъкид менамояд.
Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар пайваста ба принсипи волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ асос ёфтааст. Пешниҳоди мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти таҳкими адолати иҷтимоӣ ва арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад ва ба таҷрибаи миллӣ дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд такя мекунад.
Эълон гардидани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ имконият фароҳам меорад, ки масъалаи саводнокии ҳуқуқӣ ба маркази таваҷҷуҳи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирад. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, тақвияти эҳтиром ба қонун, пешгирии қонуншиканиҳо ва рушди шуури ҳуқуқӣ, бахусус дар байни ҷавонон, аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ дорад.
Бо дарназардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ, таваҷҷуҳи махсус бояд ба гурӯҳҳои иҷтимоии муҳим, аз ҷумла ҷавонон, занон, аҳолии деҳот, хизматчиёни давлатӣ ва гурӯҳҳои осебпазир равона карда шавад. Сатҳи маърифати ҳуқуқии ин қишрҳо таъсири мустақим ба самаранокии татбиқи қонун, таъмини адолати иҷтимоӣ ва устувории низоми давлатӣ мерасонад.
Дар маҷмуъ, ташаббуси Пешвои миллат оид ба эълон намудани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дорои аҳаммияти назарраси миллӣ ва байналмилалӣ буда, ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, рушди ҷомеаи қонунмеҳвар ва болоравии нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Ҳомидова М.Ф. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ