МАОРИФ, ҶАВОНОН ВА ЗАНОН : СЕ РУКНИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

Масъалаи рушди неруи инсонӣ – маориф, мақоми зан ва ояндаи ҷавонон – ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Паёмҳои Пешвои миллат қарор дорад. Паёми соли 2025, бо дарназардошти дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хоссаро ба таҳкими ин се рукни асосии ҷомеа равона намуд.

Сарвари давлат ба масъалаи сифати маориф ва мутобиқати он ба талаботи бозори меҳнати муосир таваҷҷуҳ карданд.

Дар масъалаи баланд бардоштани сифати таълим таъкид шуд, ки бо вуҷуди афзоиши муассисаҳои таълимӣ, бояд ба сифати дониш ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Технология ва зеҳни сунъӣ низ масъалаҳое буданд, ки дар Паём эътибор дода шуд. Паём ба зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва барномаҳои таълимӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ишора кард. Ин талош ба қарори СММ дар бораи нақши зеҳни сунъӣ барои рушди устувор, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шуда буд, пайванд мехӯрад.

Ислоҳоти касбомӯзӣ дар Паём ишора гардид. Барои таъмини соҳаҳои иқтисоди миллӣ (хусусан саноат ва сохтмони иншооти энергетикӣ) бо кадрҳои техникӣ, ислоҳоти системаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун зарурат арзёбӣ гардид. Мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи корфармоён ва рушди низоми дугонаи омӯзиш (назария ва амалия) таъкид шуд.

Дар робита ба пешниҳоди ташаббуси СММ оид ба «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», дар Паём ба зарурати таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва донистани қонунҳо дар байни омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон таъкид шуд, то ҷомеаи масъулиятшинос ташаккул ёбад.

Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Паём қарор гирифтанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки имтиёзҳо ва грантҳои давлатӣ барои соҳибкории ҷавонон бояд афзоиш дода шаванд, хусусан дар соҳаҳои инноватсионӣ ва истеҳсолӣ. Ҳадаф аз ин — коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини ҷавонон бо ҷои кор дар дохили кишвар.

Бо дарназардошти вазъияти минтақа ва ҷаҳон, зарурати таҳкими ҳисси баланди ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ ва муқовимат ба таъсироти бегона дар миёни ҷавонон махсус таъкид гардид.

Бояд тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати дастрасии ҷавонон ба манзил тавассути имтиёзҳои ипотека ва грантҳои маҳаллӣ андешида шаванд.

Нақши занон дар таҳкими субот, тарбияи насли солим ва пешрафти иқтисодӣ ҳамчун меҳвари муҳимми Паём матраҳ гардид.

Таъкид шуд, ки занон бояд дар сохторҳои давлатӣ ва ҳизбӣ ба таври васеъ ҷалб карда шаванд. Қарори ҷалби бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳамаи сатҳҳо бояд татбиқи қатъӣ дошта бошад.

Дастгирии занони соҳибкор тавассути дастрасии осон ба қарзҳо ва кумакҳои техникӣ яке аз афзалиятҳои асосӣ номида шуд. Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби занон ба сифати самтҳои асосии содироти кишвар муайян карда шуд.

Таҳкими қонунгузорӣ ва чораҳои амалӣ барои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва таъмини ҳуқуқи занон ва кӯдакон ҳамчун масъалаи муҳимми иҷтимоӣ қайд гардид.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки дар марҳилаи нави рушди кишвар, ки бо дастовардҳои сиёсии бузург (ҳалли сарҳадӣ) тавсиф мешавад, сармоягузорӣ ба неруи инсонӣ – маорифи сифатнок, ҷавонони ташаббускор ва занони фаъол – калиди таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии Тоҷикистон дар оянда мебошад.

Шарипова Т.М. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like