ПАЁМ БАРНОМАИ ТАРАҚҚИЁТ АСТ
16 декабри соли 2025 мо – аҳли ҷомеаи кишвар шоҳиди ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гардидем.
Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, гарчанде, ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад. Пеш аз ҳама, ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ниҳоят душвори иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки бинобар камборишӣ ба танқисии барқ оварда расонид, ироа гардид.
Агар Паёми Сарвари давлатро аз нигоҳи сохтори давлатдорӣ ва функсияи давлат дар назди шаҳрвандон таҳлил намоем, маълум мегардад, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодии давлат дар асоси ин таҳлилҳои муқоисавӣ бармеояд. Новобаста аз коҳиш ёфтани даромади буҷа, афзоиши талаботи маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба тандурустӣ ва инчунин дигар хароҷоти пешбининашуда, буҷети давлатӣ барои соли 2025 бознигарӣ шуда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйиротҳои дахлдор ворид гардиданд. Аз таҳлилҳои Пешвои миллат бармеояд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2025 8,4 фоиз афзоиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.
Вобаста ба силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бошад, исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишавандаанд. Дар Паёми Пешвои миллат бештар таваҷҷуҳ ба раванди расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар ин самтҳои барои давлат ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар баромад инчунин дастовардҳо дар самти амалишавии ҳар як ҳадафи стратегӣ муфассал арзёбӣ гардида, барои пурра расидан ба ҳадафҳои стратегии ҳаётан муҳим вазифагузориҳои ҷиддӣ ироа гардид. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба рушди соҳаи саноат ва тақвияти саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфт. Диққати асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ нигаронида шуд.
Дар хулоса бояд қайд намуд, ки Паёми ироагардида сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишвари маҳбубамонро муайян намуда, дар назди тамоми қишрҳои кишвар вазифаҳои нави созандаро муайян менамояд.
Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ