Иқдоми аввалин дар рушди устувори энергетикӣ: нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт
Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки ҳамзамон бо рақобати ҷаҳонӣ ва тағйироти экологӣ мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зиёд мешаванд, нақши муҳтарам Пешвои миллат дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ бартарии стратегӣ пайдо мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки давлат на танҳо идоракунанда, балки кафили некӯаҳволии мардум ва пешрафти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ мебошад (Паём, 2025).
Паёми Пешвои миллат барои соҳаҳои асосии иқтисод, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва илм барномаҳои ҷолиб ва амалиро пешниҳод намуд, ки мақсадашон афзоиши иқтисод бо ҳадафи рушди инсон, коҳиши камбизоатӣ ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад. Ин барномаҳо ҳамзамон таҷассумгари фалсафаи давлатдории муосиранд, ки мутобиқ ба назарияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар рушди инсонмеҳвар ва модели давлати рушдикунанда, татбиқ мешаванд.
Аз ҳамин нуқтаи назар, иқдоми нахустин барои бунёди зеристгоҳи нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт на танҳо таҷрибаи амалӣ дар рушди энергетикаи барқароршаванда, балки намунаи равшани татбиқи фалсафаи стратегии роҳбарӣ барои беҳбуди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки роҳбарияти кишвар чӣ гуна бо стратегияҳои муассир ва барномаҳои воқеан амалишаванда метавонад ба беҳбуди зиндагии мардум ва устувории соҳаҳои асосӣ мусоидат намояд. Рушди иқтисодӣ на ҳадаф, балки воситаи беҳбуди зиндагии мардум ва таҳкими истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Дар пайравӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2025), ки таъкид доштанд: «Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда мешаванд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ тақвият бахшида, барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд. (Паём, 2025), дар ноҳияи Ашт корҳо барои бунёди зеристгоҳи нерӯгоҳи офтобӣ оғоз гардид. Лоиҳа дар замини 750 гектар дар доманаи қаторкӯҳҳои Қурама, дар ҷамоати шаҳраки Шайдон, ба маблағи 150 миллион доллари амрикоӣ оғоз шудааст. Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Ш. бо мутахассисону намояндагони Вазорати энергетика ва МИҲД-и вилояти Суғд аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ боздид намуда, ба нақшаи амалӣ ва ҷадвали иҷрои лоиҳа шинос шуданд ва таъкид намуданд, ки ин иқдом на танҳо барои таъмини нерӯи барқ бо энергияи тоза ва барқароршаванда муҳим аст, балки барои рушди иқтисодӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани зиндагии аҳолии минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад.
Ин иқдоми стратегӣ на танҳо ба афзоиши истеҳсоли барқи тоза ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист равона шудааст, балки ҳамчун нишонаи сиёсати иқтисоди инсонмеҳвар ва устувор маънидод мешавад. Аз нуқтаи назари фалсафӣ, чунин лоиҳаҳо пайванди иқтисод, технология ва ҳифзи муҳити зистро дар амал нишон медиҳанд, ки ба рушди синфи миёна, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва беҳбуди сифати зиндагӣ барои аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳар иқдоме, ки барои таъмини зиндагии арзанда ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ равона шудааст, саҳми давлатро ҳамчун кафили некӯаҳволии мардум нишон медиҳад» (Паём, 2025). Лоиҳаи нерӯгоҳи офтобӣ дар Ашт, аз ин ҷиҳат, намунаи амалии татбиқи фалсафаи “энергетикаи инсонмеҳвар” ва ҳамоҳангсозии сиёсати дохилӣ бо ҳадафҳои глобалии экологӣ мебошад.
Ин иқдоми муҳим, инчунин, нишонаи барномаи давлатии Тоҷикистон дар рушди устувори энергетика ва ҳамзамон ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад, ки тавассути сармоягузории бузург, ҷалби технологияҳои нав ва эҷоди ҷойҳои нави кор барои аҳолӣ ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии Паём мусоидат мекунад.
Каримӣ А.А. – дотсент, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ