Паём – санади муҳими сиёсии давлатдорӣ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як ҳуҷҷати сарнавиштсоз, стратегӣ ва дорои аҳаммияти муҳим, дар таърихи муосири давлатдории миллии тоҷикон мавқеи хосса дорад. Ҳамасола ин санади муҳими давлатӣ, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро хулосабардорӣ ва самти ояндаи онро муайян мекунад, барои таҳкими иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва таъмини суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ ҳамчун қутбнамо хизмат мекунад. Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун қутбнамо сиёсати давлатро барои солҳои оянда муайян намуда, вазифаҳои асосии мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва ҳар фарди кишварро мушаххас мекунад. Аҳамияти Паём дар он аст, ки дар он на танҳо стратегияи рушди устувори Тоҷикистон барои оянда муайян карда мешавад, балки нуктаҳои заиф нишон дода шуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии он низ пешниҳод мегардад. Паём самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян намуда, ба рушди соҳаҳои муҳими ҳаёт, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди иқтисоди сабз, татбиқи рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди илм, маориф ва фарҳанг диққати махсус медиҳад. Ин санад, инчунин, ҳадафҳои стратегии мамлакатро барои дарозмуддат, аз ҷумла расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, ҳифзи суботи иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи адолатпарвар дар заминаи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ муайян менамояд. Паём ҳамеша ҳамчун манбаи илҳом ва раҳнамо барои тамоми табақаҳои ҷомеа хизмат мекунад, зеро он ташаббусҳо ва ғояҳои созандаро барои ҳар фарди кишвар пешниҳод намуда, ҷомеаро барои дастёбӣ ба ҳадафҳои муштарак муттаҳид месозад. Таъмини амнияти миллӣ яке аз самтҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад. Ин масъала ҳамчун омили асосии ҳифзи истиқлолият, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар мавқеи хосса дорад. Амнияти миллӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, аз суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ то ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, экологӣ ва иттилоотиро дар бар мегирад. Дар шароити мураккаби геополитикӣ ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва кибертаҳдидҳо, Пешвои миллат зарурати таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро таъкид намуданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ нақши фаъол дошта, тавассути густариши дипломатияи муосир ва ҳамкориҳои минтақавӣ амнияти миллиро таъмин менамояд.
Каримова М.И. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ