РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ
Иқтисодиёт ҳамчун соҳаи калидии ҷомеа заминаи асосии рушди устувори давлат, таъмини сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ ба шумор меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иқтисодӣ, ҳар як давлат кӯшиш менамояд, ки модели самараноки рушди иқтисодиро татбиқ намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати мутавозин ва дурнамои рушди иқтисоди миллиро пайгирона амалӣ менамояд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва стратегӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян намуда, ба масъалаҳои саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва рушди иқтисоди рақамӣ диққати махсус медиҳад.
Иқтисодиёт на танҳо маҷмӯи муносибатҳои истеҳсолӣ, балки омили муҳими суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад. Рушди устувори иқтисодӣ имкон медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум баланд бардошта шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг рушд ёбанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ислоҳоти иқтисодӣ марҳила ба марҳила амалӣ гардида, иқтисоди миллӣ аз шакли фармондеҳӣ ба иқтисоди бозорӣ гузашт. Ин раванд бо ташаккули бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва тақвияти инфрасохтор ҳамоҳанг сурат гирифт.
Дар Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди иқтисоди миллӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ таъкид мегардад. Пешвои миллат пайваста зарурати таъмини рушди босуръати иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод, коҳиши вобастагӣ аз омилҳои беруна ва таҳкими иқтидори истеҳсолиро таъкид менамоянд.
Яке аз самтҳои калидии сиёсати иқтисодӣ саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар — ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, коркарди ашёи хом дар дохили кишвар ва афзоиши содирот равона шудааст. Ин иқдом барои диверсификатсияи иқтисодиёт ва таъмини амнияти иқтисодӣ аҳамияти бузург дорад.
Ҳамзамон, дар Паём ба масъалаҳои рушди энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ диққати махсус дода мешавад. Таъмини шаффофият, ислоҳоти низоми андозу гумрук ва беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ низ аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Дар шароити муосир иқтисоди рақамӣ ба яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодӣ табдил ёфтааст. Иқтисоди рақамӣ истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, платформаҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва хизматрасониҳои электронӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодро дар бар мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмҳои худ рушди иқтисоди рақамиро ҳамчун самти муҳим ва ояндадор арзёбӣ намуда, ба зарурати гузариш ба ҳукумати электронӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди савдои электронӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ таъкид менамоянд.
Иқтисоди рақамӣ метавонад ба рушди соҳаҳои гуногун такони ҷиддӣ бахшад. Дар соҳаи саноат, истеҳсолоти зеҳнӣ ва автоматизатсия, дар кишоварзӣ – агротехнологияҳои рақамӣ, дар соҳаи молия – бонкдории рақамӣ ва финтек, дар маориф -таҳсилоти фосилавӣ ва платформаҳои онлайн васеъ истифода мешаванд.
Барои Тоҷикистон, ки захираҳои ҷавони зеҳнӣ дорад, рушди иқтисоди рақамӣ имконияти ворид шудан ба бозорҳои байналмилалӣ ва ташаккули иқтисоди донишбунёдро фароҳам меорад. Омода намудани мутахассисони рақамӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Иқтисодиёт ҳамчун соҳаи калидии ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, рушди устувори он кафили пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар мебошад. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун роҳнамо ва барномаи амал барои рушди иқтисоди миллӣ хизмат мекунанд.
Дар шароити ҷаҳони муосир рушди иқтисоди рақамӣ ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки иқтисоди худро муосир, рақобатпазир ва устувор гардонад. Татбиқи пайвастаи сиёсати иқтисодии давлат, истифодаи технологияҳои нав ва саҳми фаъоли ҷомеа метавонад заминаи боэътимоди рушди дарозмуддати иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро таъмин намояд.
Маърупов Ф.К.– омӯзгори кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ