ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – ҚУТБНАМОИ РУШДИ ОЯНДАСОЗИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Соли 2025 барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик соли созандагӣ, соли таърихӣ, аҳди дӯстиву ҳамҷаворӣ ва пазироии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои баланди ҷаҳон мебошад.
Дар қисмати муқаддимавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки соли сипаригардида барои мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик ҳамчун соли бобарор ва таърихӣ арзёбӣ мегардад. Зеро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии мамлакат рӯйдодҳои муҳим ба вуқуъ пайвастанд.
Чунончи, моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Дар ин соли пурфайз масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон пурра ҳаллу фасл гардида, дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ шартнома имзо гардид.
Дар радифи ин шартномаи сеҷонибаи миёни кишварҳо аз ҷумла: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки заминаи асосӣ барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд шароит фароҳам месозанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба хифзи пиряхҳо дар соли 2025 ташкил намуд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ворид гардид, ки баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.
Санаи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз бо дастуру супоришҳои хирадмандона ва кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоби миёна 7,6% рушд намуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар давоми даҳ соли охир 2,7 маротиба (соли 2015 – 6000 сомонӣ ва соли 2025 – 16400 сомонӣ) зиёд гардид.
Дap ҷаҳoни имpӯзa дap нaзди дaвлaт мaҷмӯи тoми вaзифaҳoи мyҳимтapин меиcтaнд, ки тaъинoти иҷтимoии дaвлaт дap онҳо ифoдa мегapдaд ва дap тaвcифи тaъинoти иҷтимoии дaвлaт вaзифaи aз ҳaмa acocитapини oн, тaъмини caтҳи мyaйяни зиндагии шaҳpвaндoни худ, қонеъ гардонидани тaлaбoти мoддӣ ва мaънaвии шаҳрвандон мебoшaд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат тавонист шapoити apзaндaи зиндaгиpo барои аҳолии кишвар фароҳам оварад.
Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: “Шумораи аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расида, ба ҳисоби миёна дар давоми 10 сол 26 фоиз зиёд гардид. Нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.”
Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Мутобиқи нишондиҳандаҳои оморӣ ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.
Аз ин рӯ, Президенти кишвар, мғҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: “ Ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд.”
Бо мақсади таъмини шуғлнокӣ, паст гардонидани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳоро вазифадор намуданд, ки барои татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатӣ, ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши зан – модар ва табақаи осебпазири ҷомеа мақоми махсус дорад.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки оид ба масъалаи бо кор таъмин намудани занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад: “Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд”.
Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳамин тариқ, барои таъмини иҷрои ҳадафҳои ниҳоии “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030” қабул гардид, ки татбиқи чорабиниҳои дар барномаи мазкур овардашуда имкон фароҳам меовард то дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.
Ҳамчунин дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад.
Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барои ноил гардидан ба афзалиятҳои рушд амалисозии саривақтӣ ва пурраи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030-ро таъмин намоянд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат масъулинро муваззаф гардониданд, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем.
Паёми Пешвои миллат қутбнамоест, ки ҳар фарди ватандӯсту худогоҳро барои саҳмгузорӣ ба ҷашни пуршукӯҳи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон водор месозад.
Таъкид гардид, ки соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад.
Аз ин рӯ, мо бояд сарҷамъона фаъолият намуда, барои истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги миллӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварем.
Шамсиев Ф.К. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ