Паём – равшангари фардои миллат

Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қутбнамо ва муайянкунандаи самтҳои асосии давлатдории навини Тоҷикистон мебошад, ки дар эҳёи фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ин навбат низ шоҳиди он гардидем, ки 16 декабри соли 2025 Паёми навбатӣ ба мардуми сарбаланди кишвари азизамон ироа гардид.

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст. Паём барои пешпурди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар роҳнамо аст. Паёми Пешвои миллат ба Маҷлисӣ Олӣ ҳар як фардро водор месозад, ки ба иҷрои вазифаҳои хеш муносибати пурмасъул зоҳир намуда, дар роҳи таҳкими сулҳу субот саҳми арзанда гузорем. Дар ин Паём самтҳои асосии афзалияти миллӣ ва афзалиятҳои стратегияи кишвар барои таъмини рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Дар Паёми имсола инчунин ба масъалаи таҳкими суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ низ диққати махсус зоҳир карда шуд. Дар ин маврид як чиз қобили зикр аст, тамоми дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули Истиқлолият ба даст овард, аз омилҳои зерин вобаста аст. Аввал сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сипас сулҳу субот мебошад. Сулҳу субот воқеан ҳам барои рушду инкишоф ва мавҷудияти давлату миллат хеле муҳим аст. Зеро тартиботи сиёсӣ бе озодӣ метавонад вуҷуд дошта бошад, аммо озодӣ бе тартиботи сиёсӣ наметавонад таъмин гардад.

«Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.»

Бо иқдоми навбатии башардӯстона ва ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25% маоши омӯзгорон баланд бардошта шуд. Ин иқдоми шоиста боз як шаҳодати равшани таваҷҷуҳ ва қадршиносии роҳбарияти давлат ба заҳмати шабонарӯзии омӯзгорон аст. Муаллим чароғи маърифат мебошад. Баланд бардоштани маоши омузгор ин баланд бардоштани эътибору нуфузи  омӯзгорон дар ҷомеа мебошад. Итминон дорам, ки омӯзгор бо ҳисси баланди масъулият, муҳаббат ба касби худ ва фидокорӣ ҷавобгӯи ин эътимоди давлату миллат хоҳанд буд. Паёми имрӯза барои боз ҳам рушд намудани иқтисоди миллӣ, баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат карда, барои дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҷой гирифтани Тоҷикистони азизамон нақши муассир хоҳад гузошт.

Моҳираи Раҳмон – дотсенти кафедраи фанҳои риёзию табиатшиносии муосири  ДДҲБСТ

 

You might also like