Рушди илму маориф ва мавқеи омӯзгор дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамоми ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатиии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 16 декабри соли 2025 тариқи оинаи нилгун сарҷамъона тамошо карданд. Дар Паёми навбатии Роҳбари давлат, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, дар бораи “Рушди ҳамаи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар” гуфта гузаштанд. Паём ҳамчун таҷассумкунандаи фалсафаи давлатдории миллӣ, фишанги доимоамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ гардидани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо, пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон баёну таҳрезӣ менамояд.
Пешвои миллат нақши маорифро ҳамчун самти калидӣ дар рушди кишвар арзёбӣ намуданд. Барои рушди ҳамаи самтҳои сиёсат соҳаи маориф заминаи асосию боэтимоди давлат барои инкишофи ҳама самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ мебошад. Аз ин лиҳоз баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат маҳсуб меёбад. Пешвои миллат таъкид карданд, ки омӯзгор бояд намунаи ахлоқ, фарҳанг ва дониш бошад, то дар қалби шогирдон меҳру муҳаббат ба Ватан ва маърифатро бедор кунад. Ҳамчунин омӯзгор барои ташаккули зеҳни насли ҷавон ва омодасозии кадрҳои арзанда саҳми муҳим мегузорад. Дар Паём таъкид шуд, ки бе саҳми омӯзгорони бофарҳангу донишманд рушди ҷомеа ғайриимкон аст. Онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии солим, рушди маърифати илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву динии хонандагон нақши асосӣ доранд.
Пешвои муаззами миллат бо истифода аз фурсат, ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намуданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Бояд қайд кард, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат сиёсати ояндасозу манфиатовар буда, ҳадафи асосии онро таҳкими пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона ташкил медиҳад. Дар ин замина, ба масъалаҳои қабул ва мавриди амал қарор додани Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, ба барномаҳои давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро стратегияю барномаҳои давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боиси марҳила ба марҳила амалӣ намудани ҳадафҳои давлат дар самти рушд бо назардошти ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маориф мебошанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Қайд карда шуд, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд. Имрӯз онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки аз эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф шаш сол сипарӣ гардид. Ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб аз ҷониби Президенти кишвар супориш дода шуд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Аз ҳамин лиҳоз, мо аҳли устодони факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки барои омода намудани омӯзгорони фанҳои дақиқ, мутахассисони иқтисоди рақамӣ ва инноватсия камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоем.
Муродова М.Н. – н.и.ф.-м., дотсент, и.в. мудири кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ