Паёми Президент: идома ва таҳкими таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, масъалаҳои калидии рушди давлат ва ҷомеаро дар пайванди мустақим бо таҷрибаи таърихии истиқлол ва дурнамои ояндаи давлатдории миллӣ мавриди таҳлил қарор доданд. Ин Паём, чун паёмҳои солҳои пешин, на танҳо як санади сиёсӣ, балки падидаи дорои аҳамияти таърихӣ ва таҳлилӣ ба шумор меравад.

Анъанаи ироаи Паёми Президент дар Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол ташаккул ёфта, тадриҷан ба як механизми муҳими иртиботи давлат ва ҷомеа табдил гардид. Дар раванди таърихӣ, Паёмҳо ҳамчун василаи муайянсозии самтҳои стратегӣ, ҷамъбасти марҳилаҳои гузашта ва тарҳрезии вазифаҳои оянда нақши муассир бозидаанд. Аз ин ҷост, ки ҳар Паёмро метавон ҳамчун манбаи муҳим барои таҳлили равандҳои сиёсӣ ва давлатдории муосир арзёбӣ намуд.

Паёми навбатӣ низ дар идомаи ҳамин анъана сурат гирифта, бо таъкид ба давомнокии сиёсӣ, суботи давлатӣ ва рушди устувор, таҷрибаи давлатдории давраи истиқлолро ҷамъбаст менамояд. Дар он равшан эҳсос мегардад, ки воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон на ҳамчун падидаҳои ҷудогона, балки натиҷаи мантиқии як раванди тӯлонии таърихӣ маънидод мегарданд. Ин равиш ба Паём хусусияти хосаи таърихнигорӣ бахшида, онро аз як суханронии маъмулӣ фаротар мебарад.

Таъсири Паём, пеш аз ҳама, дар таҳкими худшиносии сиёсӣ, муайянсозии афзалиятҳои миллӣ ва тақвияти ҳисси масъулияти ҷомеа дар назди давлат ифода меёбад. Аз ин лиҳоз, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун омили муҳими идомадори модели миллии давлатдорӣ ва санади роҳнамо барои марҳилаи нави рушди кишвар арзёбӣ кард.

Яке аз хусусиятҳои калидии Паёми соли ҷорӣ таъкид ба принсипи давомнокии сиёсӣ ва таърихии модели миллии давлатдорӣ мебошад. Дар матни Паём рушди кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун натиҷаи раванди пайдарпай ва марҳилавии ташаккули давлатдории давраи истиқлол арзёбӣ мегардад, ки аз шароити мураккаби ибтидои истиқлол оғоз ёфта, то ба марҳилаи суботи нисбатан устувори сиёсӣ ва иҷтимоӣ расидааст. Ин гуна маънидоди равандҳои муосир ба Паём хусусияти таърихнигорӣ мебахшад, зеро воқеияти имрӯза дар чаҳорчӯби таҷрибаи таърихии ҷамъшуда ва мантиқи рушди таърихӣ таҳлил мешаванд, на ҳамчун падидаҳои ҷудогона ё тасодуфӣ.

Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти барномаҳои иҷтимоӣ барои соли оянда ишора намудаанд. Аз ҷумла, дар Паём таъкид шуд, ки барои соли 2026 чораҳо оид ба баланд бардоштани музди меҳнат, индексатсияи нафақаҳо ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ карда мешаванд.

Ин иқтибос нишон медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии давлат амалӣ ва нишондиҳандаҳо дар асоси барномаҳои мушаххас дорад, на танҳо шиор ё рамз. Аз нуқтаи назари таҳлили таърихӣ ва стратегӣ вобастагии барномаҳои иҷтимоӣ ба суботи сиёсӣ амалӣ намудани чораҳои иҷтимоӣ, ба мисли баланд бардоштани музди меҳнат ва индексатсияи нафақаҳо, нишон медиҳад, ки давлат барои мустаҳкам кардани ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ аҳамият медиҳад. Ин раванд ба таърихи давлатдории муосир пайваст шуда, ба рушди устувори кишвар таъсири мустақим мерасонад.

Пайваста бо ҷашни 35-солагии Истиқлол соли 2026 ҳамчун соли ҷашнӣ ва ҳамзамон соли «Вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвият ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид. Барномаҳои иҷтимоӣ қисмати амалии ин сиёсати давлатӣ мебошанд, ки таҷрибаи 35-солаи истиқлолро ба амалиёти мушаххас ва равиши стратегии рушди кишвар мепайванданд.

Равиш ва усули татбиқи ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодиро бо нишондиҳандаҳои мушаххас ва тарҳҳои амалӣ ҳамоҳанг мекунад, ки ин барои таҳлили илмӣ низ муҳим аст. Ҳадаф аз барномаҳо на танҳо беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, балки таҳкими институтҳои давлатӣ ва барқарории ободонию созандагӣ мебошад.

Ҳамзамон, Паём ба таври возеҳ ифода мекунад, ки марҳилаи кунунии рушди кишвар дигар марҳилаи барқарорсозӣ нест, балки марҳилаи таҳкими дастовардҳо ва рушди стратегӣ мебошад. Ин андеша бо мантиқи таҳаввулоти таърихии давлатҳо мувофиқат мекунад, зеро пас аз расидан ба субот, вазифаи асосӣ на танҳо нигоҳ доштани он, балки гузариш ба рушди босифат ва устувор маҳсуб меёбад. Дар ҳамин замина, Паёми имсола ҳамчун нишонаи воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ арзёбӣ мегардад.

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025-ро метавон ҳамчунидомаи мантиқиитаҷрибаитаърихиидавлатдориитоҷикон арзёбӣ намуд. Он на танҳо вазъи имрӯзаи кишварро инъикос мекунад, балки ояндаро низ дар асоси сабақҳои гузашта ва арзишҳои устувори миллӣ тасаввур менамояд. Маҳз ҳамин пайванди мутавозини гузашта, ҳозира ва оянда ба Паём арзиши ҳам оммавӣ ва ҳам илмӣ мебахшад.

 

Қодирова Н.М. – муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

 

You might also like