Либоси бегонапарастӣ ва тақлид ба он хоси мардуми тоҷик нест

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи либоси бегонапарастӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид намуданд: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати  сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».

Инчунин дар Паёми навбатии худ 28 –уми декабри соли 2024 бо боварӣ қайд карданд, ки «бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими  сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд. Мо бояд устодони илму сарчашмаи тарбия ба суханони боварибахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш ба харҷ диҳем, ки донишҷўён аз пўшидани либосҳои бегона худдорӣ намоянд. Дар машғулиятҳо бештар аз мактабҳои мардонагӣ, таърихи либоспўшиамон, фарҳанги миллиамон суханронӣ, маърўзаҳо ва саҳначаҳои тарбиявӣ баромад намоем.

Як ба таърих нигаред! Хусусан ба синамоҳои (киноҳои) таърихӣ, ки дар он ҷо чӣ тавр либос дар бар кардани писару духтарони он давр ба хубӣ намоиш дода шудааст. Либосҳои читу карбосину абрешимини ранг – ранги зебои дарозу васеъ, ки таҳти он аъзои бадани одам ҳаловат мебарад ва аъзои бадан аз гармову сармою чангу ғубор дошта мешавад. На он либосҳое, ки аз нахҳои кимиёвӣ тайёр карда шудаанд! Чунин либоспўшии миллӣ, боиффат, боназокат бошарму ҳаё нисбат ба мардон эъзозу эҳтиром доштани зану духтарони моро нишон медиҳад. Ғайр аз он, либоси ҳар як халқ, мамлакат мувофиқи иқлиму муҳити зиндагиаш интихоб мешавад.

         Бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи либосҳои миллӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»ро нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод намуд. Вазорати фарҳанг ва сохторҳои он дар маҳал якҷо бо кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар амалӣ шудани ин дастурамал мусоидат менамоянд.

         Донистани тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд. Ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ба маданияти либоспӯшӣ диққати аввалиндараҷа диҳад; бо кадом либос ҳузур доштани худро дар хона, назди ҳавлӣ, гирду атроф, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассисаҳо, чорабиниҳои гуногун донад ва хешро бо тарзи дурусти либоспӯшӣ муаррифӣ намояд», — чунин омадааст дар муқаддимаи Дастурамали мазкур.

Инчунин Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷўён ва омўзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки дар баробари либоси миллӣ, ки тўли қарнҳо бо назардошти хусусиятҳои миллӣ омода ва мавриди истифода қарор дорад, либоси расмии корӣ низ барои кормандони тамоми соҳаҳо, аз ҷумла намояндагони соҳаи маорифи кишвар, бо мақсади муаррифӣ намудани соҳаи мазкур омода карда шуд, ки таассуроту назари шаҳрвандонро нисбат ба ин табақаи ҷомеа, яъне ба хонандагону донишҷўён, омўзгорон ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он муайян менамояд. Пўшидани либоси расмӣ ва фарҳангӣ ифодагари орзую омол ва пиндорҳои одамон барои наздик шудан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ва пазируфтани тамаддуни муосир мебошад.

 

Баҳриддинзода З.Б. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

[

You might also like