МУҲИММИЯТИ АРЗИШМЕҲВАРӢ ДАР МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
Дар шароити имрўза яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли ҷомеаи кишварро муқовимати фаъол бо мушкилоти коррупсия ташкил медиҳад. Кўшиши ҳамаҷониба ба он равона шуда истодааст, то механизмҳо ва роҳҳои муассири муқовимат бо коррупсия пайдо карда шавад. Хусусан ҷалби бештари мардум дар ин фароянд муҳим талаққӣ мегардад. Ба андешаи мо тақвияти арзишмеҳварӣ дар Тоҷикистон метавонад заминаи муҳимми ҷалби оммаи васеи мардум дар муқовимат бо коррупсия гардад. Тақвияти арзишмеҳварӣ дар Тоҷикистон метавонад заминаи муҳимми пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ бошад.
Дар баррасии худ мо арзишмеҳвариро танҳо ба шинохту дарки арзишҳои муҳимми ахлоқию маънавӣ дар ҷомеа маҳдуд наменамоем. Албатта, барои арзишмеҳвар шудан пеш аз ҳама шинохту дарки арзишҳои муҳимми ахлоқию маънавӣ муҳим мебошанд. Аммо аз дидгоҳи мо арзишмеҳварӣ танҳо ба шинохти арзишҳо маҳдуд намегардад, балки бештар ҷиҳатҳои амалӣ ва рафторӣ низ дорад. Дар баррасии хеш мо арзишмеҳвариро ҳамчун шинохт, дарк намудан, қадр кардани арзишҳои ахлоқию маънавӣ ва бар замми ин ба ҳисоб гирифтану амалӣ намудани онҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ба кор мебарем. Яъне чунин навъи фаҳмиши арзишмеҳварӣ, ки ба амалу фаъолият ва рафтори мо таъсиргузор бошад.
Мавқеъгирии ахлоқӣ перомуни муносибатҳои мухталифи ҷамъиятӣ инсонро ба он водор менамояд, ки дар мавриди хуб ва ё бад будани рафтори худ биандешад. Ғолибан ин мавқеъгирӣ ба шинохти арзишҳо ва принсипҳои муҳимми ахлоқӣ аз ҷониби инсон вобастагӣ дорад. Зарур мешуморем, ки маърифати ахлоқии ҷавонони мо бо ба ҳисоб гирифтани арзишҳои муҳимми ахлоқие чун амонатдорӣ, қаноатпешагӣ, адолатпешагӣ, қонунмеҳварӣ ва ҳалолкориву покизагӣ таҳким бахшида шавад. Хусусан дар муассисаҳои таълимии сатҳи гуногун таваҷҷуҳи хоса намудан ба арзишҳои амонатдорӣ, қаноатпешагӣ, қонунмеҳварӣ, ҳалолкориву покизагӣ ва ғ. тавсия карда мешавад, то заминае барои таҳкими муносибати оштинопазир бо коррупсия гардад ва тадаббури ахлоқии мардумро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ рушд бахшад.
Бидуни тадаббури ахлоқӣ ва арзишӣ рафтор намудани мардум ва хусусан ҷавонон барои ҷомеа эҳтимоли зуҳури ҳар гуна хатарро ба миён меорад. Надоштани тадаббури ахлоқӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рафтори ҷамъиятӣ барои зуҳуроти худхоҳӣ ва ғайриахлоқона замина фароҳам мекунад, ки инсонро ба доми амалҳои коррупсионӣ ва ҳатто ифротию хашин тела медиҳад. Аз ин рў, таҳкими арзишмеҳварӣ дар шароити Тоҷикистон метавонад заминаи муҳимме дар муқовимат бо зуҳури амалҳои коррупсионӣ гардад.
Арзишмеҳварӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа метавонад фарогири арзишҳои мухталифи ахлоқию маънавӣ бошад. Мо ба чанде аз арзишҳои муҳимме таваҷҷуҳ менамоем, ки амалӣ намудани онҳо дар ҷомеаи мо метавонад заминаи пешгирӣ ва рафъи коррупсия гардад. Ба андешаи мо таҳкими рўҳияи амонатдорӣ, қаноатпешагӣ ва қонунмеҳварӣ метавонад оштинопазирии мардуми кишварро ба зуҳуроти коррупсионӣ тақвият бахшад. Мо чунин мепиндорем, ки шаҳрванди дорои хусусиятҳои зикршуда дар ҳеҷ ҳолат ворид шудан ба амалҳои коррупсиониро ба худ иҷозат намедиҳад. Ҳамаи хосиятҳои зикршуда омилҳои дарунӣ ва равоние мебошанд, ки шаҳрвандонро аз ворид шудан ба амалҳои коррупсионӣ боз медоранд. Зарурати ҳар яке аз ин хосиятҳоро дар алоҳидагӣ баррасӣ менамоем.
Миёни мардуми мо амонатдорӣ як арзиши муҳим ва бунёдӣ шинохта шудааст. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки солҳои охир мавқеи ин арзиш коста гардидааст ё фаҳмиши маҳдуд аз он миёни мардуми мо шакл гирифтааст. Чунин мушоҳида мегардад, ки мардуми мо аксаран амонатдориро танҳо дар нигоҳ доштани чизе назди худ ва ё маблағи ба касе супоридашуда мефаҳманд. Ба андешаи мо чунин фаҳмиш аз арзиши амонатдорӣ хеле маҳдуд аст. Ҳолатҳои дигаре чун қадр намудану нигоҳ доштани боварии дигарон, иҷрои масъулиятҳои ба ўҳда дошта, ҳифзи моликияти давлативу ҷамъиятӣ, сарфакорӣ намудан дар харҷҳои давлативу ҷамъиятӣ, дуруст ба роҳ мондани харҷҳои ҷамъиятӣ чун амонатдорӣ дарк намуда намешавад, ки албатта ин боиси нигаронӣ аст. Аз ин рў, зарур мешуморем, ки дар миёни мардуми мо фаҳми васеъ аз амонатдорӣ тақвият бахшида шавад. Як нафар мансабдори давлатӣ, як нафар табиб, як нафар омўзгор, як нафар тоҷир, як нафар соҳибкор, як нафар кишоварз ва дар умум ҳамаи мардуми кишвар бояд дарк намоянд, ки дар назди ҷамъият амонатдоранд ва онҳоро зарур аст дар иҷрои вазифаи худ масъулиятшиносона муносибат намоянд. Яъне, дар ҷомеа ҳар нафаре дар иҷрои вазифаи ба ў вогузошта ва боваринамуда амонатдор аст ва ўро зарур аст, ки меъёри амонатдориро дар ҳама ҳолат риоят намояд.
Дар шароити имрўза зарур мешуморем, ки ба тарбияи рўҳияи амонатдорӣ миёни ҷавонону наврасон ва дар умум шаҳрвандони кишвар эътибори ҷиддӣ дода шавад. Танҳо бо нафарони амонатдор мо метавонем ояндаи беҳтареро барои мардуми кишвар бунёд гузорем ва рушди давлатдории миллиямонро тақвият бахшем.
Арзиши дигари муҳимме, ки дар заминаи тақвияти он мо метавонем сатҳи коррупсияро дар кишвар паст намоем, ин рўҳияи қаноатпешагӣ аст. Дар зиндагии ҳамарўзаи хеш мо мушоҳида менамоем, ки як қисми одамон зиндагии хеле оддие доранд ва ҳамеша кўшиш бар он мекунанд то аз роҳи ҳалолу дуруст рўзӣ ба даст оваранд. Аммо дар қатори чунин инсонҳо боз нафаронеро ҳам мушоҳида мекунем, ки дорои сарвати зиёданд, аммо ба ин кифоят накарда даст ба амалҳои коррупсионӣ ва аз худ намудани манбаъҳои давлативу ҷамъиятӣ мезананд. Аз ин рў, тарбияти рўҳияи қаноатпешагӣ барои ҷомеаи мо метавонад хеле муҳим бошад. Албатта, агар инсоне бо роҳи дурусту қонунӣ ва ҳалолу покиза ба дороии зиёде мушарраф гардад ҳеҷ боке надорад ва сарвати ў натиҷаи кўшишу ғайратҳояш аст. Аммо дар шароити имрўза мо нафаронеро мебинем, ки бо расидан ба мақомҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ пеш аз ҳама барои бунёди зиндагии бодабдаба барои худ шуруъ мекунанд. Бо даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва сўистифода аз мақом онҳо барои худ шароитҳои бодабдабаро бунёд мегузоранд. Гўё ба назар чунин мерасад, ки чунин мардум қаноатпешагиро тамоман фаромўш намудаанд ва ё дар мавриди он ҳатто наандешидаанд. Дар шароити Тоҷикистон зиндагии иҷтимоӣ тадриҷан беҳтар мешавад ва музди меҳнат зина ба зина боло рафта истодааст. Агар мо қаноатро пеша намоем ва баҳри рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишварамон камари ҳиммат бубандем, албатта рўзе мерасад, ки бо ҳалолкории худ ба зиндагии осудае бирасем.
Ба андешаи мо заминаи дигари муҳим дар пешгирӣ ва рафъи коррупсия дар Тоҷикистон таҳким бахшидани ҳисси қонунмеҳварӣ миёни мардуми кишвар аст. Дар ҳама сурат ба мо зарур аст, ки қонунмеҳвариро дар замири насли ҷавон парварида бошем. Барои таҳкими рўҳияи қонунмеҳварӣ зарур мешуморем, ки дар самти иҷроиши қонунҳо ва эҳтиром ба қонун мансабдорони зинаҳои мухталиф ва хизматчиёни давлатӣ чун намунаи пайравӣ бошанд. Бо тақвият ёфтани тафаккури қонунмеҳварӣ заминаи зуҳури ҳар гуна амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа аз байн меравад ва тадриҷан сатҳи коррупсия дар кишвар паст мегардад.
Дар ҳама давру замон таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар назди ҷомеа яке аз заминаҳои муҳими пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ шинохта шудааст. Дар ҳар сурат рушди ин давлату миллат ва инкишофи ояндаи ҳаёти ҷомеа аз амал ва фаъолияти худи мо вобаста аст. Агар мо дар назди ҷомеа эҳсоси масъулият намоем, барои ҳар амал ва фаъолиятамон ҷавобгар бошем, манфиатҳои миллат ва давлатро аз манфиатҳои шахсиву гурўҳиямон боло гузорем, вазифаҳои хешро содиқона ва софдилона ба иҷро расонем, мушкилоти ҷомеаро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл созем, пас бо итминон гуфта метавонем, ки заминае барои зуҳури коррупсия боқӣ намемонад ва сатҳи коррупсия дар кишвар комилан паст мегардад. Аз ин рў, зарур мешуморем, ки насли наврас ва ҷавонон ҳарчӣ бештар дар рўҳияи масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа ва давлату миллат тарбият намуда шаванд.
Дар фарҳанги миллии мо ба масъалаи ризқи ҳалол хўрдан ва дар умум ҳалолкориву покизагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Садсолаҳост, ки ин арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии мо мардумро аз гирифтор шудан ба амалҳои коррупсионӣ боздошта омадаанд ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар оянда низ метавонанд чунин вазифаро ба хубӣ иҷро намоянд. Моро зарур аст, ки аз арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ дар самти пешгирии коррупсия васеъ истифода намоем. Дар умум метавонем чунин иддао намоем, ки эҳтиром ва иҷрои арзишҳои фарҳангиву маънавӣ метавонанд омили боздорандаи зуҳури ҳар гуна падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз он ҷумла коррупсия гарданд.
Солиев Ш. Х.- н.и.с., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ,
Саидова М.А.- муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ