АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

Ҷузъи муҳими низоми пешгирии коррупсия қонунгузории зидди коррупсионӣ мебошад, ки ҳолатҳои он самаранокии ин фаъолиятро муайян мекунад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. Қайд намудан ба маврид аст, ки рӯйхати сарчашмаҳои дар қонун овардашуда ба пуррагӣ дарҷ нагардидаанд, зеро санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла КҶ ҶТ ва КМҶ ҶТ, санадҳои меъёрӣ– ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии дигар мақомотҳои давлатӣ, инчунин заминаи умумии ҳуқуқии мубориза бо коррупсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, таҳти №1714 илова намудани санадҳои қайдгардида ба рӯйхат ба мақсад мувофиқ мебошанд.

Маҷмуи меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ бояд масъалаҳои зеринро дарбар гирад:

– ташкили пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар тамоми соҳаҳои танзимшавандаи қонун;

-маҳдуд кардани имкониятҳое, ки ба коррупсия мусоидат мекунанд; – кам кардани манфиатҳои ҳамаи иштирокчиёни коррупсия;

– зиёд кардани эҳтимолияти ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ ва ногузирии ҷазои ҷиноятӣ;

– таъсир ба ангезаи рафтори коррупсионии «додан» ва «гирандагон»;

– ташаккули афкори ҷамъиятӣ, таҳаммулнопазирӣ ба коррупсия дар ҳама шаклҳои зоҳиршавии он.

Тавре дар м. 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» қайд мегардад: қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо коррупсия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст. Аммо, агар ба матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шудааст, назар намоем, истилоҳи «коррупсия» дар он дида намешавад. Бо вуҷуди ин, тибқи Конститутсия давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (м. 17). Гузашта аз ин, тибқи м. 5 Конститутсия, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Бинобар ин, моҳияти ин меъёри санади олии қонунгузории мамлакат, шаҳодати ба Конститутсия асос ёфтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»–ро тасдиқ менамояд.

Яке аз омилҳои муҳиме, ки монеи татбиқи ҳуқуқҳои қонунии дар Конститутсия пешбинишудаи шаҳрвандон мегарданд, бюрократия дар хизмати давлатӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ҳама зуҳуроти он мебошанд.

Заминаи асосии ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» мебошад. Қонуни мазкур муқовимат ба коррупсияро ҳамчун фаъолияти субъектҳои муқовиматбаранда дар ҳолатҳои зерин муайян намудааст:

– дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд;

– ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд;

– бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ.

Қонун принсипҳои асосии мубориза бо коррупсияро муайян намуда, заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии чораҳои пешгирии коррупсия, самтҳои асосии фаъолият оид ба баланд бардоштани самаранокии муқовимат ва ғайраро дар бар мегирад.

Дар қонуни мазкур пешбинӣ гардидани принсипҳои гуногуни мубориза бо коррупсия, пеш аз ҳама ҳадафҳои гуногуни қонуни мазкур нишон дода шудааст, аз ҷумла: фаъолияти зидди коррупсия ба истифодаи чораҳои ҷазо ва пешгирикунанда асос ёфтааст; ин принсипҳо бисёрҷанба мебошанд, зеро онҳо нисбат ба иштирокчиёни фаъолияти муқовимат бо коррупсия (мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони алоҳида) нигаронида шудаанд.

Ба сифати чораҳо оид ба пешгирии коррупсия бошад, дар м. 14 қонуни мазкур чунин ишора гардидааст: тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ; таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ; таҳлили хавфҳои коррупсионӣ; мониторинги зиддикоррупсионӣ; экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; чораҳои назорати давлатии молиявӣ; талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор; мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда; ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда. Ӯҳдадории риояи ин қонун ба зиммаи тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони шахсони мансабдори давлатӣ гузошта шудааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зиёд қабул гардида, барномаҳои миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Масалан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардид ва баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни мазкур бо дарназардошти ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд. Соли 2008 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он 31 октябри соли 2003 ҳамроҳ гардидааст, аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шуд. Дар заминаи меъёрҳои ин санади байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба Конвенсияи мазкур мутобиқ намуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияро таъсис диҳад. Бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, таҳти №143 Политсияи андоз ва Кумитаи давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007 таҳти №414 «Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо» қабул гардид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2012 тасдиқ гардид. Ҳамзамон, қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010, №864 «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №431 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2012» ҳамчун ҳуҷҷати кўтоҳмуддати давлатӣ дар радифи Стратегия ҳамчун идомаи мантиқии муқаррароти асосии он, ҷиҳати мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ такони ҷиддӣ бахшид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шурои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, тањти №1021 Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020 қабул гардид, ки ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида буд.

Ҳамин тавр, дар замони истиқлолият як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд аз ҷумла:

– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016131;

– Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи с. 1998;

–Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2008 сол, тањти №455133;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи 2020, таҳти №1714 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, таҳти №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ»;

– Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, таҳти №492;

– Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, таҳти №591;

– Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумњурии Тоҷикистон барои солњои 2008–2012 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 тасдиқ карда шудааст;

– Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 тасдиқ карда шудааст;

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, таҳти №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)»;

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010, таҳти №864 «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, таҳти №431 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010– 2012».

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло овардашуда ва инчунин як қатор дигар меъёрҳои зидди коррупсия ба пешгирӣ ва муқовимат ба рафтори коррупсионӣ нигаронида шудаанд. Ҳангоми дар кирдори кормандон мавҷуд будани нишонаҳои ҷинояти коррупсионӣ онҳо ба намуди ҷавобгарии ба вазнини ҷиноят мувофиқ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, коррупсия маҷмуи намудҳои гуногуни амалҳои барои ҷомеа хавфнок (ҳам дар ҳаракат ва ҳам беҳаракати зоҳир мегарданд), мебошанд, ки на танҳо ба дорошавии ғайриқонунии шахси мансабдор ё шахсоне, ки вазифаҳои идоракуниро дар ташкилоти тиҷоратӣ ё дигар ташкилот иҷро мекунанд, бо роҳи ба даст овардани амвол, хидматҳои моддӣ ё манфиатҳо, балки инчунин ба даст овардани бартарии ғайриқонунӣ аз ҷониби онҳо дар натиҷаи сӯиистифода аз таъсири воқеӣ ё амалҳои онҳо оварда мерасонад.

Солихоҷаева С.А. – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

 

You might also like