Баргузории дарсҳои таълимиву намунавӣ дар донишгоҳ

Бо мақсади баланд бардоштани сифати тањсилот, истифодаи аёниятҳои муосири таълимӣ дар ҷараёни дарс, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузории дарсҳои таълимиву тарбиявивии кушод ва намунавӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ аз фанни геополитикаи Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Манфиат ва мақоми геополитикии Тоҷикистон дар низоми нави ҷаҳонӣ ва манотиқи Осиёи Марказӣ”, дар кафедраи менеҷмент дарси лексионӣ аз фанни идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар мавзӯи “Дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ”, дар кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир дарси кушоди таълимӣ доир гардиданд. Ҳамчунин дар факултети инноватсия ва телекоммуникатсия дар мавзӯи “Масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд-зинаҳои нави рушди ҷомеа”  бо иштироки донишљўён ва волидайни онњо дарси кушоди тарбиявӣ доир гардид.

Дар ҳамаи дарсҳои баргузоргардида роҳбарияти донишгоҳ иштирок намуда, аз ҷараёни дарсҳо шинос ва ба омӯзорон тавсияву пешниҳодҳо ироа карданд. Иброз гардид, ки доир шудани чунин дарсҳо имконият медиҳад, ки  раванди таъливу тарбия беҳтар шуда, масъулиятнокии омӯзгорону донишҷӯён баланд гардад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

  

  

You might also like